formula
ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БО ШИРКАТИ ZET-MOBILE
01.07.2021
ЗЕБО
1377


Ширкати ZET-MOBILE Рӯзи Ваҳдати миллиро дар шаҳри Хуҷанд бо барномаи консертӣ-фароғатӣ ҷашн гирифт.

Чанд ҳазор сокинон ва меҳмонони шимоли кишвар шоми рӯзи якшанбе ба шоу-барномаи “Территория юмора”- туҳфа ба 24-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ аз ҷониби ZET-MOBILE ташриф оварданд. Чорабинӣ дар боғи навбунёди ба номи Абумаҳмуд Хуҷандӣ баргузор гардид.

Иштирокчиёни он дар ин шом аз озмуну дилхушиҳои зиёд, ширинӣ ва туҳфаҳо баҳраманд гардиданд. Тӯҳфаи асосӣ барои ширкаткунандагон Wi-Fi-и ройгон аз ширкати ZET-MOBILE буд.
«Дар боғҳо мавҷуд будани шабакаи ройгони интернет ба меҳмонон имкон медиҳад, ки вақти холии худро бо истифода аз хизматрасониҳои шаҳр гуворо гузаронанд. Акнун дар боғи Абумаҳмуд Хуҷандӣ интернети бесим пайдо шудааст. Ин яке аз калонтарин боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳри Хуҷанд ба шумор меравад. Ҳамарӯза наздики 500 нафар аз боғи мазкур дидан мекунанд », - қайд намуд Баҳром Ашрапов, роҳбари филиали ZET-MOBILE дар вилояти Суғд.

Ташкилкунандагон чораҳои бехатариро риоя карданд - дар даромадгоҳ ба сокинон ниқобҳои тиббӣ тақсим карда, ҳарорати баданашон чен карда шуд ва дастҳояшонро бо антисептик тамиз намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД