Замоне эрка будам, имрӯз бошад, ҳама бо нафрат ба ман менигаранд. Касе намепурсад, ки чӣ ҳолу аҳвол дорӣ?
Вақте падару модарам зинда буданд, хешу табор бо муҳаббат маро ба оғӯш кашида, мебӯсиданд, вале акнун бо нӯги даст салом мекунанд ё худро нодида вонамуд карда, рӯяшонро ба дигар тараф гардонида, аз наздам мегузаранд. Дилу ҷигарам дар чунин лаҳзаҳо аз хорию зорӣ пора-пора мешавад. Падарҷон, модарҷон, чанд моҳ пас ман мактабро бо баҳои аъло хатм мекунам, вале шумоён нестед, ки ифтихорномаҳои гирифтаамро ба шумоён нишон дода, фахр кунам. Шодиҳоямро бо кӣ қисмат кунам?
"Аксҳои девориатонро оғӯш карда мегирям, вале ин суратҳои безабон наметавонад сарамро сила карда, маро бо меҳр навозиш намоянд. Аламҳои дилам зиёд аст, падарҷон."
Амакҳоям як бурида нони мехӯрдаамро дар танам заҳр мекунанд, янгаҳоям бошанд, бо таънаю пичингашон ҷонамро ба лабам расонидаанд. Бобою бибиам дигар дар барам нестанд, ки мани сағираро пуштибонӣ намоянд. Мани ятим баъди сари бобою бибиам хору зор шудам. Худо накарда ягон хато кунам, бо чӯбу бо даст не, бо тасмаи оҳанин маро бераҳмона мезананд. Куҷоед азизонам, ки маро аз ин дӯзах наҷот диҳед?...
Х.