Arzon march 2024
Ашки сӯзони шоир дар сӯги 2 писари шаҳидаш
1118


Марги фарзанд сахттарин зарба барои ҳар як падару модар буда, доғи ҷигарсӯзи он ҳаргиз аз дил намеравад. Махсусан вақте ки ҷигарбандаш на бо марги табиӣ, балки бо айби касе ин дунёро падруд мегӯяд ё ба таври бераҳмона кушта мешавад, алами марги иҷбории фарзандашон қалби волидони ҷигарсӯхтаро тамоми умр мефишорад, озор медиҳад.

Шоир Мирзоаҳмади Ҷӯразод аз зумраи чунин волидони ҷигархун буда, қариб 25-сол мешавад, ки дар сӯги фарзандонаш хун мегиряд. Писари шоир майри милитсия Мазбут Ҷӯраев 24 сол муқаддам, рӯзи 4-уми ноябр зимни ошӯби Маҳмуд Худойбердиев дар Вилояти Суғд дар роҳи дифоъи Ватан аз тири дастаи Маҳмуд қурбон гашта, захми сӯзоне дар дили падар гузошт, ки қалам дар тасвираш оҷизӣ мекашад. Ҳанӯз доғи Мазбут аз ёд нарафта боз як писари шоир қурбон гашт. Мирзоаҳмади Ҷӯразод рӯзҳои сахту сангини аз сар гузаронидаашро чунин қисса мекунад:

Тӯли 24- сол аст, ки ҳар сол 4-уми ноябр захми дили сӯзони ман аз нав хуншор мешавад, зеро 24-сол пеш тири нохалафи Маҳмуд синаи писарам Мазбутро шикофта буд. Писарам, ки орзуи ягонааш ҳамеша ба Ватан хизмат кардан буд, дар роҳи Ватан шаҳид шуд. Соли 1998 вақте писарам аз дасти ошубгарони Маҳмуд Худойбердиев кушта шуд, ҳамагӣ 38-сол дошт ва се фарзанди ноболиғаш ятим монд.

Чояш дар пиёла монд...

Падар ба акси дар девор насбкардаи писараш нигоҳ карда, ашки чашмашро поккунон мегӯяд:
-Писарам Мазбут, ки дар соли 1992 ба вазифаи майори милитсия, нозири калони бахши корҳои тарбиявӣ ва ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд таъин шуда буд, дар пайи адои вазифаи хизматӣ аз ҷониби дастаи Маҳмуд Худойбердиев кушта шуд. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки ҳамон рӯз ҳатто насибаи чойи саҳарияшро нанушида ба кор рафта буд. Дарду аламҳои писаронам, ки маро шоир кард, ин ҳолатро бо шеър чунин ифода карда будам:

                    Ҷонам бирафт
Сеюми ноябр буду рӯзи сешанбе пагоҳ
Мазбутам омад ба ҳавлӣ, шод бо амри Илоҳ
Паҳлӯям як дам нишаст ӯ, каф кушодам бар дуо
Бандагонашро нигаҳ дорад Худо аз ҳар бало.
Чою чалпакро нахӯрда хест аз ҷо ногаҳон,
Гуфт: вақтам танг, бояд, ки равам аз ин замон.
Гуфтамаш ки интизорат модари бемори ту
Гуфт: фардо меравам бар диданаш то Бӯстон..
Фотиҳа бигрифту дар як дам писарҷонам бирафт
Ӯ насибашро нахӯрду аз сари хонам бирафт.
Гуфт: андар корхона то саҳар навбатчиям,
Ман надонистам, ки аз тан он замон ҷонам бирафт.
Соати чори шаби чордаҳуми ноябр, азон
Аз садои тир даҳшат рехт бар ҳар хонадон
Мардумони бегуноҳ аз тарс ларзон, дар фиғон
Гашт аз тири адӯ ларзон замину осмон...

Ҷӯраев Мазбут соли 1960 дар деҳаи Қустакузи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи муаллим ба дунё омада, сеҳиби се фарзанд буд. Марҳум ду донишкадаи олӣ-Донишкадаи аграрии Тоҷикистон ва Академияи Темирявезеви шаҳри Маскавро хатм намуда, аз соли 1992 дар мақомоти корҳои дохилии Вилояти Суғд ба фаъолият шурӯъ намуд. Майори милитсия, нозири калони бахши корҳои тарбиявӣ ва ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии Раёсати корҳои дохилаи Вилояти Суғд буд. Мазбут Ҷӯраев солҳои 1994-96 дар ноҳияҳои Ғарм, Тоҷикобод, Ҷиргатол ва Тавилдара хизмат карда, рӯзи 4 ноябри соли 1998 дар ҷои кораш, ҳангоми адои вазифаи хизматӣ аз тири дасти ғоратгарони Маҳмуд Худойбердиев кушта шуд. Мазбут Ҷӯраев пас аз маргаш бо фармони Президенти кишвар барои мардонагӣ ва шуҷоатмандӣ бо медали “Ҷасорат” ва рутбаи подполковник сарфароз гардонида шудааст.
Писари хурдиям дар Тавилдара кушта шуд
Писари хурдии шоир Маъруфҷон Ҷураев аз моҳти ноябри соли 1982 то моҳи марти соли 1985 дар хоки Афғонистон лейтенанти калони взводи десантии разветкачӣ шуда хизмат мекард ва аз байни оташу дӯди ҷанги афғон сиҳат -саломат ба Ватан баргашт, вале баъди чанд сол, аниқтараш 30-июни соли 1996 дар ноҳияи Тавилдара аз дасти душманон кушта шуд.


Пас аз хизмат дар Афғонистон Маъруфҷон ба зодгоҳаш баргашта, аз моҳи феврали соли 1994 ҳамчун лейтенанти Гвардияи Президентӣ дар вилояти Суғд, дар шаҳри Чкаловск адои вазифа мекард. Капитани Гвардияи Президентӣ дар вилоят буда, дар барқарорсозии сохти Конститутсионии дар Тоҷикистон саҳмихудро мегузошт ва дар роҳи Ватан кушта шуд. Пас аз маргаш Маъруфҷон Ҷӯраев бо фармони Президенти мамлакат бо медали “Ҷасорат” сарфароз гардонида шудааст.
Шоир Мирзоаҳмади Ҷӯразод мегӯяд:
Дарду доғи ду шоҳписари ҷӯррамарги дар роҳи Ватан ва барқарории сохти конститутсионӣ ҳалок гаштаам маро шоир кард. Бо вуҷуди аз ду болу пар маҳрум гаштанам шукр мекунам, ки ҳарду фарзандам барои Ватан мардонавор ҷони худро нисор намуда, қаҳрамонона дар ин роҳ шаҳид шуданд ва имрӯз байни халқ сарамро боло бардошта мегардам!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД