Азизова Гулиноз, хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи Рашт дар даври сеюми озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президентӣ ғолиб дониста шуд.
Ӯ бо ин имкон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуд.
"Дохил шудан ба донишгоҳ орзуи ҳар як духтари деҳот аст", - гуфт бо ашки шодӣ Гулиноз зимни суҳбат бо ҳайати доварон.
Ӯ дар олимпиадаи ҷумҳуривӣ аз фанни биология сазовори ҷойи сеюм гардида, дар даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" фаъолона иштирок намудааст ва сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидааст.