Қисмҳои якум, дуюм, сеюм ва чорумашро аз ин ҷо хонда метавонед.
Давомаш ...
- Ассалом,- гӯён Фирӯз аз дар даромад.
Саодат дид, ки Фирӯз омадааст, аз ҷояш хеста, салом дод ва хост ба Фирӯз гӯяд, ки "акнун ба хонаат намеравам ва мо набояд дигар якҷоя зиндагӣ кунем". Лекин Фирӯз худро ширин карда, “маро бубахш” гуфта, ба гиряву зорӣ даромад. Саодати содда ба гуфтаҳои шавҳараш бовар карда, фикр кард, ки пас аз ин, Фирӯз меҳрубону ғамхор мешавад.
Вақте, ки духтурон Саодатро аз беморхона ҷавоб доданд, холаи Малоҳат мошинеро барои бурданаш овард, лекин Саодат бо шавҳараш рафт. Рӯзҳову моҳҳо мегузаштанд, лек рӯзи Саодат бад мешуду хуб не. Шавҳараш ҳатто намегузошт, ки ӯ ба хонаи модараш равад. Ба ин ҳам тоқат мекард, аммо зиндагӣ ӯро рӯз то рӯз лоғару афсурда мекард. Намедонист, ки ба Фирӯз чӣ шуда бошад, ки ҳар рӯз масту аласт меомаду Саодатро лату кӯб мекард.
Боре бегоҳӣ Фирӯз боз ба хона маст омад. Саодат аз фурсат истифода бурда, ӯро маҷбур кард, ки ҷавобашро диҳад. Фирӯзи беҳушу хаёл намедонист, ки чиҳо гуфта истодааст. Дар ин вақт модари Фирӯз аз пушти дар гапҳои онҳоро гӯш мекард. Ногоҳ “ҷавобатро додам, дигар дар ин хона туро набинам” гуфтани писарашро шунида, ҳуш аз сараш канд. Зуд ба хона даромада “келинҷон наравед, худатон медонед, ки писарам маст аст, намедонад, чӣ гуфта истодааст” гӯён садди роҳаш шуд.
- Не холаҷон. Шумо ба гӯши худатон шунидед, ки писаратон ҷавобамро дод. Ман намехоҳам қадри худро паст зада, дар инҷо бимонам. Холаҷон, агар ягон сухани ноҷо гуфта бошам, маро бубахшед ва ба нону намаки додаатон розӣ бошед, хайр ман рафтам.
Аз байн як моҳ гузашт. Дар ин миён Зоҳир мактаби олиро хатм намуда омада, дар беморхона духтур шуда буд. Саодат тасмим гирифт, ки ба ҷои модараш кор мекунаду ӯро аз ташвиши рӯзгор озод мекунад. Рӯзи аввали кориаш ҳангоме, ки ҳуҷраи духтур Зоҳирро тоза мекард, ногоҳ дар кушода шуда, ҳамсинфаш даромад.
- Хаста набошед хоҳарҷон,- гӯён Саодатро аз банди хаёл раҳо кард.
- Саломат бошед,- гӯён ҷониби дар нигоҳ карда, аз забон монд, -Зоҳир, ин туӣ? Ту бало будаӣ, ман духтур мешам гуфта, шӯхӣ мекардӣ, ана акнун ту духтурию ман як фарроши туям.
- Саодат, фаҳмидам, ки хонадор шудаӣ,-ҳамсинфон аз ҳолу аҳволи якдигар пурсон шуданд.
- Шавҳар карданам. Зиндагиам мисли як афсона шуд. Оиладор шудам, вале аз шавҳар ҷудо шудам. Кош, гапи муаллимро мегирифтаму ғуломи зиндагӣ намешудам.
-Хайр ҳамааш гузашт, дигар фикрашро накун, агар розӣ бошӣ, туро ба кор мегирам.
- Чӣ кор будааст?
- Инаш махфӣ. Агар розӣ бошӣ, баъд мегӯям.
- Хайр майлаш, ман розӣ, акнун гӯй!
- Агар розӣ бошӣ, ёрдамчии ман шав.
- Ту чиҳо мегӯӣ Зоҳир? Охир ман дар ягон ҷо нахонда бошам, чӣ хел мешавад?
- Зиқ нашав Саодат, ман худам ба ту кӯмак мерасонам, агар ту ба ман аз ҳамон тортҳои бомаззаат пухта биёрӣ.
- Майлаш мепазам,-Саодат хушхабарро худтар ба модараш гуфтан мехост.
Ҳуҷраи Зоҳирро нимкола тоза карда, зуд ба хонаашон рафт. Холаи Малоҳат ва дигар бародару хоҳарони Саодат хурсандии ӯро дида, шукргузорӣ мекарданд, ки боз Саодат механдад.
Саодат шаб хоб накарда, барои Зоҳир торти аз ҳама болаззатро пухта, субҳи содиқ роҳи духтурхонаро пеш гирифт. Дар роҳ Фирӯзро дид, ки масту аласт аз қафояш омада, “маро бубахш, дигар такрор намешавад, маро танҳо нагузор” гуфта, ба гиря даромад. Хост ӯро аз ҷояш хезонад, ногоҳ садои Зоҳир нагузошт ки дубора ба зиндагии сахту пуралам ворид гардад:
- Ҳа, ёрдамчӣ омадӣ?-Торти дасти Саодатро дида,- ин қадар торти безеб,- гуфта шӯхӣ кард ва дубора пурсид,- Ҳамин шавҳарат буд? Рафта лату кӯбаш кунам?
- Э не. Вай худаш ҷазояшро дида истодааст…
Аз байн ҳафтаю моҳу рӯзҳо мегузаштанд. Ниҳоят Саодат ба муродаш расид. Хилъати сафед ба бар дошту бе ягон душворие аз ӯҳдаи вазифа мебаромад. Бо кӯмаки Зоҳир ба Коллеҷи тиббӣ дохил шуда, ҳам мехонду ҳам кор мекард ва нияти дар Донишгоҳи тиббӣ хонданро дошт дошт.
Баъди чанде бо Зоҳир оила барпо намуда, соҳиби фарзанд шуданд. Зиндагиашон хушу осуда гашт, акнун ба киштии муроди худ нишаста ҳамроҳи пайвандонам ба соҳилҳои дури зиндагӣ равона гашт. Аммо Фирӯз аз кардааш сахт пушаймон шуда, оқибат аз мастӣ ба пастӣ афтод.