Давомаш ...
Махфират дар назди қудояш:
- Писарам Фирӯзҷон ба берун баро, хушдоманат омадааст,-гуфта садо баланд карда, Саодатро бо худ овард.
Пас аз чанд дақиқа Фирӯз аз хона баромаду бо холаи Малоҳат аз дур бо қошу қавоқи овезон аҳволпурсӣ карду ба берун баромада рафт. Холаи Малоҳат аз ин кирдори домодаш ранҷида бошад ҳам, бо баҳонае роҳи хонаашро пеш гирифт. Баъд аз рафтани модараш Саодат хост ба хонааш дарояд ва каме худро аз ин хонаю дар дур кунад, лекин хушдоманаш садди роҳ шуд:
- Келин, о келин, вақти хӯроки пешин шуд, ҳозир шавҳарат гурусна меояд, хӯрок тайёр кун, баъд хоб мекунӣ.
Саодат худро базӯр дошта, барои тайёр кардани хӯрок ба ошхона рафт. Худро тасалло медод, ки ҳамааш хуб мешавад ва мехост худро боз ҳам қобилу чаққонтар вонамуд кунад. Барои ба дили шавҳараш роҳ ёфтан хӯроки дӯстдоштаашро тайёр кард. Саодат фикр кард, ки шавҳараш омада, пас аз хӯрдани хӯрок ба Саодат суханони ширин мегӯяд, аммо…
Вақте ки шавҳараш аз дар даромад, ба по рост намеистод. Сабаби шароб нӯшидани Фирӯз ба Саодат маълум набуд. Саодатро ба хона дароварда, чунон лату кӯб кард, ки паррандагон аз гиряи арӯсак ба нола даромаданд. Бо шунидани фиғону нола модари Фирӯз ва дугонаҳояш ба хона даромада, Саодатро дар ҳоли вазнине аз дасти Фирӯз раҳо карда, ба беморхона бурданд.
Холаи Малоҳат парешон буду дилаш аз пешомади баде гувоҳӣ медод. Модар худро таскин медод, ки ҳозир аз хонаи Саодат омад, ба ӯ ҳеҷ чиз нашудааст, аз ин рӯ, роҳ ба сӯи беморхона пеш рафт. Дар роҳ ҳама аз ҳоли Саодат пурсон мешуданд, холаи Малоҳат ҳайрон шуда, қадаммонияшро тезтар кард. Дар назди беморхона домоду қудояшро дида, ҳуш аз сараш канд.
- Ҳа қудоҷон, домод, шумо дар ин ҷо чӣ кор мекунед, тинҷӣ аст. Ба Саодат чизе нашудааст охир?
- Не, не, қудоҷон, ҳоли Саодат хуб аст, фақат каме сараш тоб хӯрда, ба замин афтидааст. Мо дарҳол ӯро ба беморхона овардем, зиқ нашавед, ҳамааш хуб мешавад, агар духтаратон аз гапи писарам набарояд.
- Чӣ? Қудо шумо чиҳо мегӯед. Духтари ман боодоб аст.
- Ҳа, барои ҳар модар фарзандаш боодоб аст. Дирӯз саҳар баъд аз шумо рафтан рафторашро медидед, агар шумо модараш ҳам бошед, торсакӣ мезадед, хайрият, ки писари ман вазнин асту худашро дошт.
- Эй қудо, шаф-шаф нагуфта, рости гапро гӯед, Саодат чӣ хатогӣ кард?
- Чӣ хатогӣ карда будааст. Мегӯяд, ки хола, аз ман хатогие гузашта бошад, узр, ман дӯстдошта дорам, ба назди ҳавай меравам.
- Тавба кардам Худоё, ман чор духтар калон кардам, ягонтоаш нописанд набуд, ҳоло ҳам шавҳару хусуру хушдоманҳояшонро ҳурмату эҳтиром мекунанд.
- Эй хай шуд, духтарҳои шумо ситораи осмон.
- Аввалаш, духтари ман ин хел намегӯяд, ин ҳамааш тӯҳмат. Дуюмаш, духтари ман ҳеҷ касро дӯст намедорад. Сеюмаш, агар чунин буд, аввал пурсида баъд келин мекардед. Тавба, ҳамин одамҳоро фаҳмидан душвор шудааст, намедонанд келинҳояшонро бо кадом баҳона ганда кунанд. Баъд аз келин шудан онҳоям фарзанд ҳисоб мешаванд охир. Ман рафтам, аз ҳоли духтарам хабар гирам,- гӯён ба сӯи ҳуҷраи 29-ум, ки дар он ҷо Саодатро хобонда буданд, рафт.
Ҳоли Саодатро дида, модари муштипар бо алам гиряро сар кард, бовар надошт, ки рӯи бистари беморӣ Саодат хобида аст. Холаи Малоҳат худро ба зӯр дошта, мехост домодашро ҷазо диҳад. Аммо медонист, ки зӯраш намерасад. Модар аз Худо зудтар шифо ёфтани Саодатро металабиду халос. Чанд рӯзе, ки Саодат дар бистари беморӣ буд, аз Фирӯзу хешовандонаш дараке набуду ба имдодаш намерасиданд.
Вақте Саодат ба худ омад, модарашро дар назди бистараш дида, боз ҳам дарун-дарун месӯхт. Холаи Малоҳат бошад, намедонист аз Саодат чӣ гуна бахшиш пурсад.
-Очаҷон, ба ҳамааш худам айбдорам,-мегуфт ба модар.
- Не духтарҷонам, ту намехостӣ ба шавҳар бароӣ, ман туро маҷбур кардам. Модари гунаҳкоратро бубахш, духтарам.
- Очаҷон, ин хел нагӯед, боз ман зиқ мешавам. Фирӯз дар берун аст?-пурсид Саодат. Холаи Малоҳат ба берун баромада, писарчаеро барои ба беморхона омадани Фирӯз равон кард.
Фирӯз дар аввал тарсид, ки агар ба беморхона равад, милисаҳо ӯро дошта мебаранд. Баъд аз ҷой хеста “Саодат духтари меҳрубон аст, ҳеҷ гоҳ ин хел намекунад. Агар наравам, ҳар хел фикрҳо мекунад. Ҳозир мераваму аввал аз ӯ бахшиш мепурсам, ки ман маст будаму намедонистам, ки чӣ кор карда истодаам. Аз ӯ бахшиш мепурсам. Наход, ки набахшад? Э ман шавҳараш ку, бахшиш напурсам ҳам мешавад. Ин хел ҳам намешавад. Як бор бахшиш пурсам, ягон ҷоям кам намешавад. Ҳарчӣ бодо бод, бахшиш мепурсам” гӯён роҳ ҷониби беморхона пеш гирифт.
Давом дорад ...