Дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон як навраси 17-сола бо иттиҳоми содир намудани ҷинояти вазнини куштор дастгир шуд. Ӯ дар қатли язнааш гумонбар дониста мешавад.
Тавре ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи “Ахбори ВКД” хабар дод, ин ҳодисаи хунин рӯзи 6 апрел дар ҷамоати деҳоти Сайф Раҳимзоди ноҳияи Балҷувон рӯй дода, боздоштшуда шавҳари апаашро кордборон кардааст.
Бино ба гузориши нашршуда Абдулфайз Хоҷаеви 39-сола, ки аслан сокини ноҳияи Восеъ будааст, рӯзи 6-уми апрел барои бо худ бурдани ҳамсари 25-солааш ба ноҳияи Балҷувон ба хонаи хусураш омад. Азбаски байни зану шавҳар пеш аз ин ҷангу ҷанҷоли оиавӣ сар зада, аз ҳамдигар қаҳрӣ будаанд, зан ҳамроҳи шавҳараш рафтан намехоҳад. Мард дар сари қаҳру ғазаб ба ҳамсари ҷавонаш дарафтода, занашро кордборон мекунад.
Ҳамин вақт додарарӯсаш вориди ҳавлӣ мешавад ва бо дидани ҷисми ба хуну халаф оғӯштаи апааш инони ихтиёр аз даст дода, кордро аз дасти язнааш кашида мегираду қотиро бо силоҳи худаш кордборон мекунад.
Зану шавҳар дар роҳ ба сӯйи беморхона ҳалок шуданд. Нисбат ба ҷавони 17-сола бошад, барои содир намудани ҷинояти куштор бо модаи 104-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз ёфтааст.
Солҳои охир дар кишвари мо кушторҳои оилавӣ рӯ ба афзоиш ниҳодаанд. Хушунату зӯроварӣ нисбат ба занон ва ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ аксаран боиси сар задани чунин ҳодисаҳои нохуш гашта, якеро ба гӯристону дигариро ба кунҷи зиндон мебаранд.