Салом кормандони сомонаи “Oila”. Ман мухлиси шумо ҳастам ва мехостам ба як саволам аз шумо ҷавоб гирам. Бо як ҷавонписаре аҳди ошиқӣ кардему қавл додем ва ба китоби муқаддасамон қасам хӯрдем, ки то охири умр якҷо ҳастем. Вале тақдир моро аз ҳам ҷудо кард. Мехостам фаҳмам, ки оё ман дар никоҳи ӯ ҳастам ё на?
Азиза, хонанда
Тибқи мазҳаби имом Абу Ҳанифа (р) хондани хутбаи никоҳ суннат буда, иштироки ду шоҳид ва шунидани овози ҳамдигар рукни асосии он аст. Қасам ба никоҳ ҳеҷ рабте надорад.
Дар масъалаи қасам ҳаминро гуфтаниам, ки агар онҳо вафо накунанд, кафора медиҳанд. Кафора ин ааст, ки ба даҳ камбағал таом медиҳанд, вале агар имкони молӣ надошта бошанд, се рӯз пайиҳам рӯза мегиранд.
Дигар шакли кафора низ аст. Тибқи он қасамхӯрда ҳар рӯз маблағи дувақта, яъне саҳару бегоҳи таоми ягон донишҷӯ ё бенаворо медиҳад. Чунин ҷоиз нест, ки якбора пули хӯрокро пардохт кунад.
Ҷамолиддин ХОМӮШӢ,
сардори Раёсати фатвои Шӯрои уламо