Мардуми тоҷик аз қадимулайём асалро давои сад дард мешуморанд. Имрӯз илми тиб низ собит сохтааст, ки асал дар баробари як ғизои лазиз буданаш ба чандин дардҳо давост.
- Одатан шабона механизмҳои асосии ҷисми инсон фаъол мегарданд ва истеъмоли як қошуқча асал пеш аз хоб ба сӯхтани чарбҳо ва суръатбахшии мубодилаи моддаҳо мусоидат менамояд.
- Шабона асал хӯрдан ба барқароршавии ҳуҷайраҳои ҷигар таъсир мерасонад.
- Асал системаи муҳофизатии организм - иммунитетро мустаҳкам мекунад.
- Барои пешгирии бемориҳои вирусӣ ва бактериявӣ истеъмоли якҷояи асал ва сирпиёз фоидаи калон дорад.
- Асал баданро аз моддаҳои зарарноки нодаркор пок месозад, гиреҳҳо ва рагҳоро мекушояд. Балғами часпак ва рутубатҳоро нест мекунад, онҳоро аз ҷойҳои чуқур ва дури бадан мекашад ва ҳамчунин моддаҳои нодаркорро аз майна хориҷ менамояд.
- Асал санги гурдаро майда карда мерезонад.
- Асал ба шамолхӯрӣ ва дарди меъдаю рӯда давост.
- Асал камхуниро бартараф мекунад.
- Асал аз антиоксидантҳо бой буда, бадан ва қалбро аз пиршавӣ муҳофизат мекунад.
- Асал дорои хосияти зидди бактерияҳо, занбӯруғҳо ва вирусҳо буда, ба дарди гулӯ ва сулфа даво аст.