Шумораи ҳалокшудагон аз сели шаби 27 ба 28 дар кишвар зиёд шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар иттилоъ дод.
Ба иттилои ин ниҳод, наҷотдиҳандагон ҷасади 4 нафари дигар, аз ҷумла 3 зан ва 1 марди дигарро аз даруни лойобаҳо дар шаҳри Ваҳдат пайдо карданд.
Акнун теъдоди фавтидагон дар ин офати таббиӣ ба 17 нафар расид.
“Ҷасадҳо барои муайян кардани шахсияти онҳо ба мақомоти дахлдор супурда шудаанд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ба қавли манобеи Oila.tj, барои бартарафсозии офати табиӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Нуъмон Розиқ, Симиганҷ, Чуянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат бо ҷалби сокинони маҳаллӣ дар баробари наҷотдиҳандагон ҷалб шуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27 август, соати 21:15 дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат дар натиҷаи омадани сел ҷамоатҳои Нуъмон Розиқ, Симиганҷ, Чуянгарон ва Ромит зарар диданд.
Бино ба иттилои расида, дар ин ҷамоатҳо 15 нафар (6 зану 9 мард) бар асари офати табиӣ ҳалок шуда, ду шаҳрванд аз мошини ғарқшуда наҷот дода шуданд.