Ҷасади як занро аз дарёи Варзоб пайдо кардаанд. Ба навиштаи расонаҳо, ҳодиса дирӯз, 28-уми июл, тахминан соатҳои 13:30 рӯй дода, дар ҳудуди километри 21-уми ҷамоати деҳоти Варзобқалъа як зан бо сабабҳои то ҳол номаълум худро ба дарёи Варзоб партофта, ғарқ шудааст.
Гуфта мешавад, ки ҷасади зан аз об берун оварда шуда, барои гузаронидани ташхиси судию тиббӣ ба мақомоти дахлдор супорида шудааст, вале номи марҳум ва чӣ тавр ба дарё афтоданаш маълум нест.
Дар робита бо чунин ҳодисаҳои нохуш Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми дар назди обанборҳо ё соҳили дарё қарор доштан ба қоидаҳои бехатарӣ риоя намоянд ва бо мушоҳидаи ҳодисаҳои нохуши фавқулода фавран ба хадамоти дахлдор хабар диҳанд.