Амвоҷи пуртуғёни дарё ҷони боз як духтари ҷавони тоҷикро рабуд. Ҷасади Шаҳнозаи нозанинро пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд аз соҳили дарёи Душанбе пайдо карданд.
“Ҷисми бе ҷони як духтари ҷавонро санаи 1-уми июн, тахминан соатҳои 16:00 дар соҳили дарёи Душанбе, дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, дар наздикии Маркази барқугармидиҳии Душанбе-2 пайдо карданд. Дар бадани марҳум аломатҳои марги маҷбурӣ ба назар намерасад”-хабар додааст РВКД- и Душанбе.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи тафтишот муайян карда шудааст, ки ҷасади ёфтшуда шаҳрванд Ғаффорова Шаҳноза Маҳмадшоевна, соли таваллудаш 05.08.2000 мебошад, ки дар кӯчаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе истиқомат мекард.
Шаҳноза Ғаффорова ҳанӯз 5 -6рӯз пеш, аниқтараш рӯзи 26-уми май ғайб зуда, дар ҷустуҷӯ қарор дошт.
Намояндагони тафтишот бар он назаранд, ки ин духтари 22-сола дар натиҷаи беэҳтиётӣ дар дарёи Варзоб ғарқ шуда, ҷасадаш аз соҳили дарёи Душанбе ёфт шудааст.
Ин дуввумин ҷасад аст, ки аз дарёи Душанбе пайдо карда шуд.