Ҷасади сарбозро пас аз 40 сол ёфтанд
Тобути сарбозро аз Қирғизистон
ба Тоҷикистон меоранд
Ҷасади як сарбозро, ки 40 сол пеш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷанги Афғонистон рафта будааст, қариб пас аз ним аср пайдо карданд.
Михаил Ануфриев дар ҳайати отряди 177-уми нерӯҳои вижаи Сарраёсати иктишофӣ хидмат мекардааст ва моҳи июни соли 1982 ҳангоми иҷрои супориши ҷангӣ дар Афғонистон кушта шудааст. “Ҷасади Михаил Ануфриев аз пойгоҳи ҳавоии Русия дар Кант ба Душанбе фиристода шуд”- хабар додааст "Азиатский экспресс".
Акнун ҷасади ин сарбози 40 сол пеш кушташуда дар оромгоҳи шаҳри Душанбе, ки зодгоҳи Михаил Ануфриев мебошад, ба хок супорида мешавад.