Commerce bank may-june 2026
Ҷасади раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дарёфт шуд
30.06.2026
Oila.tj
75

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар пайи корҳои ҷустуҷӯйии рӯйиобӣ ва зериобӣ наҷотдиҳандагони Кумита ҷасади як нафар ҷинси мардро аз об берун баровардаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷасад дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Кишт аз ҷониби сохторҳои дахлдор ва аҳолӣ дар рӯйи об мушоҳида шуда, наҷотдиҳандагони Кумита онро аз об берун бароварда, ба сохторҳои дахлдор супоридаанд. Ташхиси пурраи тиббӣ муайян кардааст, ки он раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

- Ёдовар мегардем, ки бо мақсади гузаронидани корҳои ҷустуҷӯйии рӯйиобӣ ва зериобӣ аз ҷониби ҳамаи сохторҳои дахлдор тамоми тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД