Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дарёфти ҷасади нафаре хабар дод, ки зери об мондааст.
Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 2-юми майи соли 2025, тахминан соати 15:30 дақиқа дар деҳаи Якатути ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон ноболиғ Ҷамолиддини Акбаралӣ, санаи таваллудаш 7-уми марти соли 2013, сокини ҳамин деҳа, бо ҳамроҳии бародараш дар доманакӯҳ ҳангоми чаронидани чорво бар асари боронҳои шадиди пай дар пай ва омадани сел зери об монда, ба ҳалокат расидааст.
Корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ рӯзҳои 3 ва 4-уми майи соли 2025 аз ҷониби кормандони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон (5 нафар), афсарони бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон (2 нафар) ва ҳамчунин тақрибан 50 нафар сокинони деҳаи Якатут анҷом дода шудаанд.
Дар натиҷа, ҷасади фавтида рӯзи 4-уми май, тақрибан соати 14:40 дақиқа, дар масофаи 60-66 км поёнтар аз ҷои ҳодиса - дар наздикии сарҳади ноҳияи Ёвон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дарёфт шуда, ба наздиконаш супорида шудааст.