Formula novemver 2024
ҶАСАДИ МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО БА ТОҶИКИСТОН МЕОРАНД!
1634


Дар сухторе дар шаҳри Ростови лаби Дон, як муҳоҷири тоҷик фавтида, ду нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Корбарони Озодӣ бо ирсоли аксу навор аз ҷои ҳодиса, дар ин бора хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо сухтор шаби 6- ум ба 7-уми январ дар дукони фурӯши "шаурма" рӯх додааст ва муҳоҷирони тоҷик ҳам дар ин дукон кор мекардаанд.

Сабаби сухтор таркиши балони газ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ гуфта мешавад. Дар ин ҳодиса бадани яке аз муҳоҷирони тоҷик 90, дуввумӣ 80 ва дигаре беш аз 50 дарсад сӯхтааст. Муҳоҷири ҳалокшударо рӯзҳои наздик ба ватан мефиристанд. Ду нафари дигар ҳоло дар беморхона бистарианд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД