Хонандагони азизи сомонаи Оила. ТҶ
Дирӯз мо арзи як падари ҷигарсӯхтаро, ки якбра ду духтарчааш дар об ғарқ шудаанд, манзуратон гардонида будем. Хоҳарон Мунаввара ва марям, ки яке 12 ва дигарӣ 10 сол дштанд, рӯзи 1-июл бо сабаби набудани панҷара дар обанбори канори Боғи Айнӣ ғарқ шуда буданд. Ҷасади духтарчаи калонӣ ёфт шуда бошад ҳам, давоми чанд рӯз бо сабаби тез будани ҷараён ва сардии об наҷотдиҳандагон ҷасади духтарчаи хурдиро пайдо карда натавонистанд. Дирӯз Хуршед Ҳамроев, падари дилсӯхтаи Мунаввара ва Марям аз ҳукумат хоҳиш карда буд, ки обро чанд соат банданд, то ҷустуҷӯи ҷасади фарзандаш осонтар гардад.
Чанд лаҳза қабл Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ аз ёфт шудани ҷасади духтарчаи дуюм хабар дод. Наҷотдиҳандагон ҷисми бе ҷони Маряи 10-соларо баъди 13 рӯзи ғарқ шуданаш билохира пайдо кардаанд.
Аз падару модарон хоҳиш мекунем, ки фарзандони хурдсоли худро танҳо нагузоранд ва махсусан ҳангоми дамгирӣ дар соҳили руду дарё ва гузаштан аз пул эҳтиёткор бошанд.