Sebiston new 2024 october
Ҷасади марди номаълумро пайдо карданд
785


Аз яке аз каналҳои шаҳри Душанбе ҷасади мардеи ношиносеро, ки тақрибан 45-50 сола мебошад, пайдо карда, бо кумаки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади ӯро аз миёни об берун оварданд.

Тавре кумита хабар медиҳад, ки ҷасади ин мардро рӯзи 22-уми ноябри соли ҷорӣ дар канали Ҳазораи шаҳр, ки аз қаламрави бозори “Меҳргон” убур мекунад,  ба назар аён шудааст. Баъд аз хабар ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд. Онҳо ҷасади ин мардро, ки тахминан 40-45 сола мебошад, аз об берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Шахсияти марди ғарқшуда ва сабаби марги ӯ таҳқиқ мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД