Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар аз пайдо шудани марди 67-солае хабар дод, ки ҳанӯз моҳи июн ғарқ шуда буд.
- 12-уми декабри соли 2024 бо супориши сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ полковник Миракзода Н., аз тарафи наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати вилоят дар ҳайати панҷ нафар таҳти роҳбарии муовини командири ДМЗН майор Мирмамадов Д., такроран корҳои кофтуковии ҷасади шаҳрванд Барақбоев М.роҳандозӣ шуд,- меафзояд манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, номбурда 67 сол дошта, соҳиби 6 фарзанд буд ва дар деҳаи Ямчуни ҷамоати деҳоти Питупи ноҳияи Ишкошим зиндагӣ дошта, дар шифохона кор мекард.
Марҳум рӯзи 4-уми июни соли 2024 аз корхона берун шуда, лаб-лаби рӯдхона ба самти манзилаш равон будааст, вале он рӯзу рӯзҳои дигар ба хона нарасидааст.
Билохира, 14-уми декабри соли равон ҷустуҷӯҳо натиҷа дода ва ҷасади марҳум пайдо ва ба пайвандонаш супурда шудааст.