Sebiston new 2024 october
Ҷасади Маҳинабону аз Поҷеи боло пайдо шуд!
863

 

 

Ҷасади Маҳинбону Ҳафизоваи 23-сола, ки рӯзи 6-уми августи соли равон худро дар оби дарёи Сорбоғ ғарқ карда буд, 5 км поинтари деҳаи Поҷеи Боло пайдо кардаанд. Дар ин бора волидони марҳум ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода хабар додаанд. 

Марҳум Маҳинабону рӯзи 6-уми августи соли равон баъди як муноқиша бо шавҳар ва хушдоманаш даст ба худкушӣ зада буд. Дар пайи ин ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шавҳари ӯ Султони Абдувоҳидро боздошт карданд ва барои ба худкушӣ расондани ҳамсар парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Маҳинабону аввалин нафаре нест, ки пас аз хушунат диданаш даст ба худкушӣ зад. Тибқи омори расмӣ танҳо дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 1523 ҳолати хушунати хонаводагӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 1270 ҳолат мардон нисбати занон хушунат кардаанд. 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД