arzon replenishment
ҶАСАДИ ДУХТАРИ ФАРХОРИРО АЗ ДАРЁ ЁФТАНД
3249


Дар “Самаки сайёр”, “Ҳазору як шаб” ва дигар асарҳои безаволе, ки чун ганҷи бебаҳо аз гузаштагонамон ба мо мерос мондаанд, саҳнаҳои зиёдеро во хӯрдан мумкин аст, ки аз ҳунари шиноварӣ доштани мардуми Шарқ дарак медиҳад.

Тибқи ин ривоятҳо ҳатто ба занону духтарон низ ишноб-шиновариро меомӯхтанд, зеро ин ҳунар дар ҳолатҳои фавқуллодае, ки инсон байни маргу зиндагӣ қарор мегирад, нақши ҳалкунандаро мебозад. Фарде, ки забони обро омӯхтаву ҳунари шиноварӣ дорад, оғӯши дарё барояш макони фароғати рӯҳу равон мебошад, вале худро ба ғӯши амвоҷи пурталотум афкандани шахсе, маҳорати оббозӣ кардан надорад, метавонад бо фоҷиа анҷом ёбад. Ҳодисаи нохуше, ки ба сари як ҷавондухтари фархорӣ омадааст, далели равшани ин гуфтаҳост.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ аз пайдо шудани ҷасади як духтараки 17-сола, ки як ҳафта боз дар ҷустуҷӯ қарор дошт, хабар додааст.

Ҷисми беҷони ин гулдухтари фархориро наҷотдиҳандагон рӯзи 5-август, тахминан соатҳои 16.00 аз дарёи Вахш пайдо кардаанд. Духтарак сокини деҳаи Гулшани ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор буда, як ҳафта қабл ҳангоми оббозӣ дар мавзеи Сари дарпули ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Ҷисми беҷони духтарро тақрибан як киломерт дуртар аз макони оббозиаш дарёфт намуданд.


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД