Падари Сафияхон ба наҷотдиҳандагони ӯзбек муроҷиат карданист
Аз нопадид шудани Сафияхон 21 рӯз сипарӣ шуд, вале то ҳол аз ӯ ному нишоне наёфтаанд. Сафияхони Раҳматоваи 9- сола 7-уми феврал аз хона баромада бо ҳамин бедарак гаштааст.
Охирин сабтҳои дурбинҳои назоратӣ Сафияхон Раҳматоваи 9-соларо дар кӯчаи ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд нишон додааст. Дар ин кӯча ҳавлии ин наврас қарор дорад ва аз рӯбарӯи хонаашон дарёи Сир мегузарад.
Аъзамхон Раҳматов, падари духтарчаи нопадидшуда мегӯяд, аз дидани навор ба хулосае омадааст, ки духтараш ғарқ шудааст.
“Мо аз камераи ҳамсоя дидем, ки ду духтар ба назди об мефарояд, аммо як духтар мебарояд. Мобайни сабт 31 дақиқа аст. Духтарча аз поён мебарояд, аммо фарзанди ман намебарояд. Аниқ фарзанди ман дар об ғарқ шудааст,”гуфта буд падари Сафияхон.
Пас аз 20 рӯзи ҷустучуй, падараш Саидаъзамхон Раҳматов тасмим гирифтааст, ки расман ба ҷумҳурии Узбекистон муроҷиат кунад, то поёноби дарёи Сирро наҷотдиҳандагони ӯзбек ҷустуҷӯ кунанд.
Тавре масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд хабар дода буданд, то сарҳади Узбекистон кофтукоб карда бошанд ҳам, аз ӯ нишоне наёфтаанд.
Ҷамшед Кӯчаков, муовини сардори Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд сабаби тӯл кашидани раванди ҷустуҷуро шарҳ дода гуфта буд, ки “дар фасли тобистон ҷасади ғарқшуда тез рӯйи об мебарояд, вале дар зимистон ин ҳолат дертар рух медиҳад.”
Акнун падари Сафияхон- Аъзамхон Раҳматов тасмим гирифтааст, расман ба ҷумҳурии Узбекистон муроҷиат кунад, то поёноби дарёи Сирро наҷотдиҳандагони ӯзбек ҷустуҷӯ кунанд.