Ҷасади як сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода, ки охири моҳи марти соли ҷорӣ дар кӯҳ чорво мечаронду нопадид шуд, рӯзи 9-уми апрел пайдо ва ба соҳибонаш супурда шуд.
Дар ин бора Кумати ҳолатҳои фавқуллодаи кишвар хабар доданд.
Гуфта мешавад, ин мард охири моҳи марти соли равон ба хотири чорвочаронӣ молҳои худро ба кӯҳ мебарад, вале бегоҳирӯза чорво ба хона танҳо бармегарданд. Пас аз ин шахси ӯ аз ҷонибаи шуъбаи КҲФ дар шаҳри Турсунзода дар якҷоягӣ бо сокинони маҳаллӣ оғоз шуда, дар рӯзҳои аввал он бенатиҷа анҷом мебёбад. Ҷасади ӯро 9 апрел аз дарёи Қаратоғ пайдо намуда, ба пайвандонаш супурданд. Сабаби аслии марги ӯ дақиқ нест, вале ба эҳтимоли зиёд қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми чорвочаронӣ риоя карда нашудааст.
Кумита ҳамарӯза аз вазъи ҳаво ва риояи ин гуна қоидаҳо гузоришҳо нашру намуда, сокинонро аз паёмадҳои боронҳои пуршиддат, резиши сангу лағзиши тарма ва ё ярч огоҳ мекунад ва ҳушдор медиҳад, ки безарурат ва танҳо ба мавзеӯҳои хатарнок нараванд.