arzon replenishment
Ҷасади боз як муҳоҷири тоҷикро аз Русия меоранд
1241


«Рӯзгор оинаро муҳтоҷи хокистар кунад” гуфтани бузургон беҳуда нест, норасоии ҷойи кор, камии маъош ва дигар душвориҳои зиндагӣ ҷавонмардони тоҷикро маҷбур месозад, ки пайи дарёфти як пора нон рӯ ба кишварҳои дигар оварда, бо меҳнати сангин ва мушкилоти зиёд барои аҳли байташон ризқу рӯзи биҷӯянд.

Гоҳо чунин ҳам мешавад, ки аз мулки ғурбат ба ҷойи худи муҳоҷир тобути хунини ӯро меоранд. Боз як ҷавони тоҷик пайи дарёфти пораи нон дар Русия ҷон дода, садои навҳаи модар синаи фалакро мешикофад...

Ин ҷавони 19-солаи тоҷикро аждари марг дар Санкт-Петербург гиребнгир гаштааст. Ҳодиса шоми 4-апрел дар як сохтмони кӯчаи Фарфоровскаяи ноҳияи Неваи шаҳри Санкт-Петербург сар зада, ҷасади шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистонро дар майдони сохтмон пайдо кардаанд.


Дар рафти тафтишот маълум шудааст, ки ин ҷавони муҳоҷир як сол инҷониб дар ҳамин сохтмон ба сифати арматурбанд кор мекардааст ва ҳангоми анҷом додани корҳои сохтмонӣ аз ошёнаи шашум ба замин афтода, дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурдааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД