Ў мефармояд: «Қарздор чун пул ёфт, бе таъхир онро адо намояд» (Ривояти Ибни Моҷа). Мувофиқи ин ҳадис ҳаром аст барои қарздоре, ки пул меёбад ва дар баргардонидани қарз таъхир мекунад.
Ин барои он аст, ки обрўяшро ҳифз намояд ва мавриди таъна қарор нагирад. Яке аз бузургтарин роҳи зарар расонидани инсон ба нафси худ ва ба дигарон, ин гирифтор кардани худ аст ба ғазаби Парвардигор. Ин кор метавонад бо анҷом додани муҳаррамоти илоҳӣ сурат гирад ва ё ба тарки фармудаҳои Худо ва Расул (с).
Худовандо, моро бо ҳалолат аз ҳаромат нигоҳ дор ва бо фазлат моро мўҳтоҷи дигарон магардон. Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим.