Sebiston new 2024 october
АРЗОН.ТЧ- СОМОНАЕ, КИ ТАМОМИ МУШКИЛОТИ ШУМОРО ОСОН МЕКУНАД!
26.10.2020
Сухроб
6646

Нашунидам нагӯед, нафаҳмидам нагӯед!

Хонаатонро кайҳо боз ба фурӯш гузоштаед, вале харидоре пайдо намешавад? 

Мехоҳед манзилатонро иваз намоед?

Орзу доред, ки соҳиби автомобил шавед, аммо ҳеҷ мошини табъи дилатонро пайдо карда наметавонад? 

Кайҳо боз телефони замонавии арзон меҷӯед?

Аз мушкилоти зиёд саратон гиҷ шуда, чи кор карданатонро намедонед?

Озурда набошед! 

Сомонаи Арзон.ТЧ тамоми мушкилоти шуморо осон мекунад.

Минбаъд шумо метавонед аз хонаатон набаромада, бо кӯмаки сомонаи Арзон.ТЧ дар муддати хеле кӯтоҳ манзилатонро фурӯшед, хонаи нав харед, иҷорахона пайдо кунед, хонаатонро ба иҷора диҳед, мошинатонро фрӯшед ё иваз намоед, соҳиби компютеру телефони замонавӣ шавед, таксӣ киро кунед, хӯрок фармоиш диҳед, мебел, ҷиҳози рӯзгор, либосу палос, косметика ва дигар чизҳои бароятон нолозими нав ё истифодашударо фурӯшед ё ба касе ҳадя намоед....

 

Арзон.ТЧ аз дигар сомонаҳо чӣ бартарӣ дорад?

Маъмулан эълонҳо дар сомонаҳои тиҷоратӣ он қадар дарҳаму барҳам ҳастанд, ки кас сарҳисоби корашро гум мекунад, масалан агар шумо дар маҳаллаи Профсоюзи пойтахт хона харидан хоҳед, маҷбур ҳастед, ки вақти зиёдеро сарф намуда, тамоми эълонҳои хариду фурӯши хонаро аз як сар дида бароед. 

Бартарии 1

Арзон.ТЧ аз дигар сомонаҳо комилан фарқ дорад. Дар ин сомона эълонҳо ноҳия ба ноҳия ҷудо карда шудаанд. Кофист, ки вақти ҷустуҷӯ минтақаи табъи дилатонро зикр созед, сомона ба шумо танҳо хонаҳои фурӯшии дар ҳамон ноҳия бударо пешниҳод намояд. Ногуфта намонад, ки ин филтр натанҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар Хуҷанд низ амал менамояд. Муштариёни суғдии мо метавонанд бо кӯмаки Арзон.ТЧ дар дилхоҳ маҳаллаи шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он барои худ манзил ё хонаи иҷора пайдо намоянд. 

Бартарии 2.

Хона ё мошинатонро ба таври фаврӣ фурӯхтан мехоҳед? Дар ин кор ёрдамчии беҳтаре аз Арзон.ТЧ пайдо нахоҳед кард. 

Сомона гӯшаи эълонҳои фаврӣ дорад. Шумо метавонед эълони худро дар ин гӯша ҷой карда, дар муддати хеле кӯтоҳ хонаатонро фурӯшед, иваз кунед, манзили иҷора ёбед, мошинатонро савдо кунед ё бо автомобили дигар иваз намоед...

 

Бартарии 3

Барои донишҷӯён пайдо кардани иҷорахона ниҳоят душвор аст, вале акнун бо сомонаи мо шумо дигар азият намекашед. 

Арзон.ТЧ барои донишҷӯён рубрикаи махсус ташкил кардааст. Минбаъд шумо метавонед ба Арзон. ТЧ ворид гашта, аз ҳамин рубрика бо нархҳои арзон барои худ иҷорахона ва дигар чизҳои барои донишҷӯён лозимиро пайдо намоед.

Бартарии 4

Агар шумо мошин ё телефон хариданӣ бошед, моделҳои навтаринро аз сомонаи мо бо нархи арзон пайдо карда метавонед. 

 

Бартарии 5

Арзон. ТЧ танҳо сомонаи эълонҳо нест. Шумо метавонед бо кӯмаки ин сомона ҷойи кори муносиб ёбед. 

Агар соҳиби корхона ҳастед, сомонаи Арзон.ТЧ дар пайдо кардани кормандон бароятон ёрӣ мерасонад.

Хуллас, ин сомона бартариҳои зиёде доред, ки ҳамаи онро наметавон бо сухан ифода намуд. “Шунидан кай бувад монанди дидан” гуфтаанд. Дар сомонаи Арзон. ТЧ ҳазорон эълонҳои бе пул шуморо интизоранд. Марҳамат, ворид шавед ва ҳамаашро бо чашмони худатон бубинед. Кафолат медиҳем, ҳарчи ки мехоҳед, бемалол аз ин сомонаи муфид пайдо карда метавонед! 

 

Арзон. ТЧ-осон ва ройгон!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД