Эҳтимоли боз ҳам болотар рафтани арзиши неруи барқ дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Тавре Маҳмадумар Асозода, раиси “Барқи тоҷик” имрӯз, 11-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ширкати мазкур ба Ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст, ки арзиши истифодаи барқ дар Тоҷикистон боло бурда шавад.
Ба иттилои масъулини “Барқи тоҷик”, айни замон ин пешниҳод дар баррасии Ҳукумати кишвар қарор дорад ва арзиши тарофаҳои неруи барқро Ҳукумат муайян хоҳад кард.
Ҳафтае қабл Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки эҳтимоли қимат шудани неруи барқ вуҷуд дорад, вале ҳанӯз қарори дахлдор дар хусуси то кадом андоза боло бурдани арзиши тарофаҳори неруи барқ ба тасвиб нарасидааст. Маълум нест, ки арзиши барқ барои ҳамаи истифодабарандагон боло бурда мешавад ё танҳо барои аҳолӣ.