Arzon march 2024
Қарзи кӣ зиёдтар аст?
448

 

 

Қарзи истифодаи барқ дар Тоҷикистон 3,2 млрд сомониро ташкил медиҳад, ки қариб нисфи маблағи қарз ба аҳолӣ рост меояд.

То 1 июли соли равон маблағи умумии қарзи истеъмолгарон аз барқ дар Тоҷикистон 3,2 млрд сомонӣ ё ҳудуди 293 млн долларро ташкил дод.

Тибқи маълумотҳои “Шабакаҳои тақсимоти барқ” аҳолӣ аз истифодаи барқ ҳудуди 1,5 млрд сомонӣ қарздор мебошанд, ки қариб 47%-и ҳаҷми умумии қарзро ташкил медиҳад.

Бо назардошти болоравии қимати барқ, қарзи аҳолӣ дар 6 моҳи соли 2023 4,2 млн сомонӣ зиёд шудааст.

Бояд гуфт, ки корхонаҳои азими кишвар низ аз барқ қарздоранд. Аз ҷумла, қарзи “Ширкати алюминии тоҷик»” - 275,5 млн сомонӣ, “Обу корези ҷумҳурӣ” - 90 млн сомонӣ, “НБО Роғун” - 31,6 млн сомонӣ ва “Сементи Тоҷик” - 10,7 млн сомониро ташкил медиҳад.

Мардум дар ҳайратанд, ки чӣ гуна ин қарзҳои ҳангуфт ҷамъ мешаванд, дар ҳоле, ки каме таъхир намудани пардохти маблағи барқи истифодашуда азҷониби соҳибхонаҳо боиси қатъ кардани интиқоли барқ ба он хона мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД