Дирӯз дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоишномаи “Арвоҳи беқарор“ аз рӯи асари нависандаи Фаронсавӣ Ноэл Кауард дар таҳияи саркоргардони театр Султон Усмонов ба намоиш гузошта шуд.
Нақшҳои асосиро дар намоишнома ҳунарпешаҳои ҷавони театр Гулмира Аҳрорзод - Рут, Аъзам Розиқов - Чарли, Савлатмоҳ Ақназарова - Элмира, Умед Субҳоналӣ - духтур Бредмен ва Ризо Юсуфӣ - Ҷаноби Аркати офариданд.
Элвира ба садама дучор гашта, вафот мекунад. Пас аз ду сол ҳамсараш зани дигар, яъне Рутро мегирад. Арвоҳи Элвира рашк карда, беқарор мешавад ва зани дуюми шавҳарашро азоб додан мегирад. Арвоҳи зан шавҳарашро низ ором намегузорад ва шабе дар болои сари Чарли пайдо мешавад. Мард аз дидани арвоҳ беҳуш шуда, ба замин меафтад.
Савлатмоҳ Ақназарова, ки иҷрокунандаи нақши Элмира, яъне арвоҳи беқарор аст, зимни суҳбат бо хабарнигори сомонаи Oila.tj гуфт:
- Барои ман офаридани образи Элвира хеле душвор буд. Ростӣ, дар оғоз аз бозидани ин нақш метарсидам, чунки ин образ барои як духтари ҷавон даҳшатангез аст. Шавқу ҳавас нисбати касбу ҳунари худ маро ба он водор намуд, ки тамоми маҳоратамро ба кор бурда, нақши арвоҳро хеле хуб офарам. Вақте ки арвоҳи Элвира ба хонааш меояд, мебинад, ки шавҳараш зани дигар гирифтааст. Рӯҳи зан ноором шуда, рашк мебарад ва шавҳарашро бо зани наваш ҷанг андохтан мегирад.
Чанде аз ҳунармандон ва коргардонҳои рус, ки барои гузаронидани мастер-класс омада буданд, дар намоишнома иштирок намуда, ба ҳунару маҳорати ҳунарпешаҳои ҷавони театр баҳои баланд доданд.