arzon replenishment
Арўси кордкаш (ҚИСМИ 3)
1982

Як шом як хеши дури падарам, ки дар маркази вилоят зиндагӣ мекарду мансаби баланди давлатӣ дошт, ба хонаамон хостгорӣ омад. Падару бародаронам аз ман напурсида, розигӣ доданд.

Ман ба модарам гуфтам, ки ба домоди хушкардаи онҳо намерасам, модарам гуфт:

- Мастонбеку Гулрухон бою бадавлат ҳам бошанд, ниҳоят инсонҳои хоксору заминиянд. Онҳо дар бисоташон ҳамагӣ як писар доранд ва ҷигар- ҷигару дигар- дигар гўён, баъди фикру зикри зиёд туро интихоб кардаанд. Писарашон ҳам бойбачаи беақл не, соҳиби ду корхонаи хусусӣ бачаи намозхону боодоб ва ниҳоят зебо аст. Бахтат хандид духтарам.

Гуруснанишинӣ, гиряву зорӣ ва таҳдиду фишорҳои маро падару бародаронам нози духтарона фаҳмида, рўзи тўйро ҳам аниқ карданд ва ман маҷбур шудам, ки чораи дигар бинам.

Инқилоби арўс

Як бегоҳ ҳамаи бародаронам дар меҳмонхона ҷамъ шуда, нақшаи тўй ва харидани ҷиҳози маро маслиҳат мекарданд, ман ба хона зада даромада гуфтам:

- Падарҷон, ман ба домоди ёфтаи шумо намерасам, зеро шахси дигарро дўст медорам.

Бародаронам аз ҳайрат шах шуда ба ман менигаристанд, аммо падарам бо мулоиматӣ пурсид:

- Киро нағз мебинӣ, бачам?!

- Номашро гўям, ки ўро зада кушед?!

Падарам аз афташ ба гапи ман бовар накард, ки бо ханда гуфт:

- Номашро гўй, баъд бовар мекунам…

Ман номи Шаҳромро ба онҳо нагуфтам, зеро медонистам, ки бародаронам ўро зинда пӯст мекананд. Гиряву зориҳои ман асаре накарданду, рўзи тўй муайян шуд. Ман ба Шаҳром телефон карда, буду шуди гапро гуфтам, ў имтиҳонҳояшро супорида, ба деҳа омада буду хост рост ба назди падару бародаронам омада, ҳақиқати ишқи моро баён созад, аммо ман аз ў хоҳиш кардам то сабр кунад. Зеро нақшаи дигар доштам. Шаҳром бо илтиҷо гуфт:

- Садафҷон, агар дили ту пулу мол ва шавҳари сарватманд хоҳад, ман пеши роҳатро намегирам, бароям хушбахтии ту кофист, бисёриҳо ба хотири пулу мол ба рўйи ишқу муҳаббат по мегузоранд, аммо ман намедонам бе ту чӣ кор мекунам.

Ман бори аввал бепарда сўҳбат карда, ба Шаҳром ваъда додам:

- Қасам ба номи Худованди карим, ки тану нафс, вуҷуди ман аз ту хоҳад буд, фақат ту сабр намо!

Ҳаминро гуфтаму телефонамро хомўш намудам…

(Давом дорад)

Бо эҳтиром, САДАФ

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД