Дар оилаи даҳнафараи мо ҳамаи фарзандон интихоби ҳамсарро ба волидайн вогузор мекарданд. Ҳарчанд мо солҳои сол дар шаҳр зиндагӣ мекунем, вале тафаккурамон ба қавли баъзеҳо “қишлоқӣ” боқӣ мондааст.
Падару модарам ҳамаи моро хононда, баъд ба зиндагии мустақил гусел карданду давлати пирӣ дида, ин оламро падруд гуфтанд. Хонаи панҷҳуҷрагии волидонам ба додари кенҷагиямон монд, зеро ў бо зану ду фарзандаш дар дами пириҳои волидайнамон дастгир буд ва аз мо бештар хизмати мўйсафедонро кардаанд. Ман нахустфарзанди оила будаму пас аз фавти волидайн фарзандони падар дар ҳама кору борашон аз мо маслиҳат мепурсиданд. Мо ҳар моҳ як бор дар ҳавлии падарӣ ҷамъ шуда, рўҳи падару модарамонро “шод” мекардем, хушбахт аз он будем, ки волидайни оқилу дурандешамон дар ботини ҳар яки мо меҳру муҳаббат ва раҳмдилиро тарбия намудаанд…
Ба тинҷию хотирҷамъии мо чашми бад расид магар, ки зани Адҳам - додари кенҷаам ба бемории бедавое печида, дар як сол ҷавонзани сисолаи зебо обу адо шуда, ин оламро падруд гуфт. Духтараш дар синфи панҷум ва писараш дар синфи дуюм мехонданд, ки Сангимоҳи меҳрубону беозори мо сиёҳпичча шуд. Дар марги келини азизамон хуни ҷигар хўрда, нолаҳои зор-зор кардем, вале афсўс, ҳеҷ касро гиряву зорӣ аз роҳи охират барнагардондааст.
Мегўянд, ки ниҳоли умри одам аз дуо сабз мешавад, вале дуоҳои падару модарам низ, дар ҳақи келини қобилу хизматгорашон мустаҷоб нагаштанд. Ёд дорам, ҳар гоҳе ба хабаргирияшон мерафтам, онҳо таърифи Сангимоҳро мекарданд.
Додарам дар донишгоҳе муаллими таърих аст. Ӯ ба кор мерафту дар хонаи калон ду кўдак танҳо мемонданд. Фарзандони мо ба навбат ба хонаи онҳо рафта, ба кору борашон ёрӣ мерасониданд, аммо хонаи бе зан ҳеҷ гоҳ обод намешудааст…
Мо фарзандони падар ҷамъ шуда, пас аз ду соли марги Сангимоҳ барои додарамро аз нав хонадор кардан маслиҳат кардем. Ман аз Адҳам пурсидам, ки ягон зани шинос дорад, ки барояш хостгорӣ равем, вале ў гуфт:
- Апа, ман мехоҳам ягон зани қишлоқии бамаънӣ гирам, то барои фарзандонам модарӣ кунад.
Хоҳарам Гулшан норизоёна ба Адҳам нигариста, гуфт, ки ягон зани шаҳрии хондагӣ бошад, хубтар мешавад, вале додарам дар гапи худ устувор буд…
Пас аз як ҳафтаи ин гуфтугў додари миёнаам Аслам занг зада, маро ба хонааш хонд. Додарам нақл кард, ки як ҳамсабақаш дар як корхонаи бузург сарвар асту дар қишлоқ хоҳари синну солаш калоне доштааст, чун нақли маро дар бораи Адҳам шунид, таклиф кард, то хоҳарашро хостгорӣ кунем. Мо якҷоя ба хонаи рафиқи Аслам рафтем, дар ҳавлии бошукўҳи дуошёна моро хуб пешвоз гирифтанд. Чун раис, додарам рафиқашро чунин ном мегирифт, сабаби омадани моро фаҳмид бо хурсандӣ гуфт:
- Ростӣ, хоҳарам духтари зебои бо дасту панҷа аст, вале дар вақташ хостгорони зиёдеро ноумед карда, оқибат синну солаш рафт. Ҳоло ҳам хостгор дорад, вале Адҳамҷон беҳтарин интихоб аст. Кўдакони ўро нигоҳ карда мегардад…
Мо ин хабарро ба Адҳам расонидем ва хостем ўро ба қишлоқ, ба дидани арўс барем, вале додарам розӣ нашуд:
- Апаҷон, барои ман фарқе надорад, ки ў чӣ гуна шаклу шамоил дорад, фарзандонамро дўст дорад, шуд. Раисро хуб мешиносам, ҳамроҳи акаам чанд бор ба хонааш ҳам рафтаам, боварӣ дорам хоҳараш низ духтари хуб аст.
ИЗЗАТМОҲ
Таснифи Рухсора САИД