Табассуми бахт
Як рўз директори мактаб ба синфи ў духтараки пахмоқмўеро оварда шинонд ва гуфт:
- Духтарак ҳолати бади равонӣ дорад, модараш дар пеши чашмаш аз сактаи дил фавтидааст. Падараш ўро аз литсеи бонуфузе гирифта, ба мактаби мо овард, он кас шиноси хуби шавҳарам аст, ман ба шумо бовар дорам, муаллимаҷон, ба ҳамин духтарак аҳмият диҳед, илтимос…
Табассум, ниҳоят духтарчаи зебо буд, вале ғамзада, дили бузурге дошт, ҳар субҳ барои ҳама ҳамсинфонаш қандҳои коғазашон тиллоии қиммат меовард ва албатта ба назди муаллимааш ҳам дуто мегузошт. Гулсимо дар як муддати кўтоҳ дили Табассумро ёфт ва онҳо дўстони ҷонӣ шуданд. Ин ҳама падари духтаракро хурсанд мекард ва барои Гулсимо тўҳфаҳои гаронбаҳо тақдим мекард, албатта муаллима нею нестон мекард, вале мард аз вай якравтар буд. Мард ба серкорияш нигоҳ накарда, ҳар бегоҳ духтарчаашро аз мактаб худаш мегирифт. Як бегоҳ директор ба Гулсимо телефон карда гуфт:
- Муаллимаҷон, падари Табассум хоҳиш кард, ки духтарашро ман ба хона барам, ў кор доштаасту дертар меояд, ўро метавонед ба хонаи ман баред, ман ҳам дар маҷлис ҳастам.
Гулсимо дар ҷавоб гуфт, ки “хонаи ман ба мактаб наздиктар аст, ман Табассумро ба хонаам мебарам, ҳар вақте хоҳанд, омада гиранд”. Хонаи муаллима ба духтарак сахт писанд омад, ў бо майлу хоҳиши худ ҳамроҳи муаллимааш картошка зирбонду хуриш тайёр кард, падараш дер омаду Табассумро хоб бурд. Вақте Ҷамшед Носирӣ ба Гулсимо занг зад, соат аз даҳ гузашта буд:
- Муаллимаҷон, узр суроғаатонро мегуфтед.
Гулсимо гуфт, ки “Табассум хоб асту ўро бедор накунем хубтар аст”, аммо мард омад.
Шаби розу ниёз
Он шаб ду нафар инсони ғамдида то субҳ сўҳбат карданд, Ҷамшед падари Гулсиморо хуб мешинохтааст, ҳатто риштаи дўстӣ доштаанд. Ҷамшед гуфт, ки ба хотири духтараш аз ҳама гуна сафарҳои корӣ даст кашидаасту тиҷораташ рў ба харобӣ овардааст:
- Ягон доя натавонист дили ўро ба даст биёрад, шумо чӣ гуна тавонистед?
Гулсимо гуфт:
- Ман худам ятим калон шудаам ва ғами модаргумкардаро шояд хубтар дарк кунам. Агар хоҳед, ман метавонам Табассумро вақтҳои набуданатон бо худ гирам. Танҳо зиндагӣ мекунам, мушкиле нест, ў ба ман хеле ёрӣ дод, ҳатто хуриш тайёр кард,- хандида гуфт Гулсимо. Байни Ҷамшед ва Гулсимо аввал дўстӣ, баъд ишқи бузурге пайдо шуд ва онҳо хонадор шуданд.
Имрўз Табассум дар синфи ёздаҳ ва додаракаш Самандар синфи якум мехонанд, Гулсимо Табассумро аз писараш ягон зарра кам намедонад. Зиндагӣ гардишҳои зиёде дорад, кош ҳама умедворон ба шаҳри бахт бирасанд.
(Давом дорад)
Рухсора САИД