Ноз ҳоли зори Шоираро дида, гиря гулӯяшро гирифт. Хешдухтараш бо ашки шашқатор нақл кард, ки дар синаҳояш захмҳои зиёде баромадаанд.
Духтури шиносе тавсия дод, ки як кӯдаки дигар таваллуд кун, хуб мешавӣ, аммо “имрӯз бечора духтаракамро бо шири гов калон карда истодаам” гуфт ӯ. Нози меҳрубону порсо то метавонист, Шоираро дилбардорӣ кард ва тамоми пули дар ҳамёнаш бударо бароварда, ба дасташ қаппонд. Ноз аз назди хешдухтари бемораш баромада, як бор ба осмон нигариста, гиребон гирифту зери лаб пичиррос зад, “Худоё, ба Шоира шифо бахш, ту бахшояндаву меҳрубонӣ!” ӯ оҳиста-оҳиста андешаҳояш дар панҷаи аёми гузашта сӯйи хонааш қадам мезад ва пеши назараш чӣ хотираҳое зинда мешуданд…
Сағерадухтар
Ноз дар хонаи бобову бибии модарияш ба воя расидааст, падараш аз олам барвақт гузаштаву модараш бо як духтарак бева мемонад. Модараш хеле ҷавон буд ва бори дуввум оила барпо намуда, пайи зиндагии худаш мешавад, модаркалонаш Нозро ба тарбияи худ мегирад. Зеро намехост набераи нозпарварда пеш-пеши пойи падарандар шавад. Модараш аз шавҳари наваш як писар таваллуд карду халос, ҳарчанд мехост духтарашро бо худ барад, аммо модараш ҳеҷ розӣ намешуд. Ноз низ модаркалонашро дӯст медошту аз ӯ ҷудоӣ намехост, Ноз ду тағову ду хола дошт, ки ӯро аз ҷон зиёдтар дӯст медоштанду эрка мекарданд. Модараш низ зуд-зуд ба хабаргирияш омада, барояш беҳтарин колоро мехарид. Холаҳояш шавҳар карда рафтанду тағои калонашро зан доданд, зани тағояш зери дасти моиндар ба воя расида буду алами ятимиро медонист, аз ин рӯ, аз рӯзҳои аввали омаданаш бо Ноз меҳрубон буд. Бобояш низ ҷавон аз олам гузашта буду тағоҳояш бибияшро ҳам модар медонистанду ҳам падар, аз ин рӯ, ба хотири ӯ Нозро баланд садо намекарданд. Духтарак аз ин эрка карданҳо ҳаво намегирифт, баръакс дар мактаб низ хуб мехонду назди бибихалифае дарси динӣ меомӯхт. Чун қадрас шуд, назди дӯзандае шогирд истод, хулоса нозанине ба воя расид, ки сад кас ҳавасашро мехӯрд…
Балокелини ҷодугар
Зиндагии орому осудаи онҳо ҷое хотима ёфт, ки акаи модаркалонаш кали Бахталӣ, маъруф бо лақаби кали Бахтак набераашро ба зориву илтимос, ба тағои хурдияш Нисор дод. Ин кали манфури носкаш, ки мудом аз баданаш бӯйи бад меомад, апаашро “Риштаи хешутаборӣ мустаҳкам мешавад. Аз як бегона дида, хешу табори худат хуб аст” гӯён, фирефта набераашро дар хонаи онҳо ҷо кард. Нозукмоҳ рӯзҳои аввал худро хеле порсову хубу тозакор нишон медод, вале пинҳонӣ ҳамеша дар косаи айши аҳли хонавода, хоса «нонхӯри зиёдатӣ» Ноз заҳр меандохт. Ноз баъзе корҳои янгаашро ба модаркалонаш гуфта, ба ҷойи дастгирӣ мазаммат мешунид, ки ту бо янгаат кор мегирӣ. Тағои калонияш хонаашро ҷудо карда рафту Ноз бо ин мор, ки кораш ҳамеша тӯморбозиву обпошидан гирди хонаву испанддуд кардан буд, танҳо монд. Тез-тез пулҳои тағояш гум мешуданд, модаркалонаш инро аз Ноз дида, “шояд ту гирифта, ҳамроҳи дугонаҳоят хӯрдӣ” мегуфт. Духтарак медонист, ки ин ҳама корҳои балокелини ҷодугаранд, аммо касе ба додаш намерасид.
Арӯси пойлуч
Ноз мактабро хатм карду барояш хостгорон омаданд, тағояш хостгории як хонадони баобрӯро пазируфт. Барои Ноз ҳама аҳли оила харид мекарданд, ин меҳрубониҳоро дида, Нозукмоҳи бахил дар мегирифт, мекафид. Рӯзи тӯй ҳам фаро расид, ҳама дар даводави тӯй буданду Нозукмоҳ ҳамроҳи духтари тағояш нақшаи дуздиро мекашиданд. Онҳо шабона аз сандуқҳои Ноз тамоми либосҳои тагпӯшу ҷӯробу чойнику пиёларо дуздида, дар сандуқҳои Нозукмоҳ пинҳон карданд. Арӯсро ба хонаи домод гусел карданд, зимистон буд, дар тарабхона тӯй бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш идома дошту дар берун барфи лаклакӣ меборид. Рӯзи дигар ҷиҳози арӯсро дар хонаҳояш ҷо ба ҷо карданду Ноз хост чизҳои зарурияшро бигирад, аммо ҷӯробе наёфт, ки бипӯшад. Ҳама ҷоро чаппагардон кард, аммо аз нисф зиёди чизу чорааш набуданд. ӯ дар сардии зимистон пойи луч мегашт, шарм медошт бигӯяд, ки ҷӯробҳояшро дуздидаанд. Шавҳараш инро дида, барояш чанд ҷуфт ҷӯроб овард, аммо хушдоманаш бо ханда гуфт:
-Арӯс пойи луч омада будааст.
Ноз зор-зор мегирист, ҳамагӣ як таҳпӯш дошт, ки онро шабона шӯста, рӯзона мепӯшид. Ба умеди пайдо шунаи чизҳои гумшудааш ба касе лаб намекушод, вале оқибат онро ба модараш, ки ба хабаргирияш омада буд, гуфт. Модараш барояш ҳама чизи лозимиро аз сари нав харид, вале ҳама пайвандон дуздро мекофтанд…
ИДОМА ДОРАД...