Номаҳои хонандаҳо аз ҷумла хушдоманҳоро нисбати келинҳояшон хонда, сахт ба андеша фурӯ меравам. Ман ҳам келин ҳастам. Миллатам озарист.
Забони тоҷикиро аз худ кардаам. Ба хотири шавҳар тарки Ватану модару падар карда, ба Тоҷикистон омадам. Вақте шароити номусоиди зисту зиндагонии хонаводаи шавҳарро дидам, сахт нороҳат шудам. Вале ба тақдир тан додаму зиндагиро идома додам. Соҳиби ду духтару ду писар ҳастам.
Хушдоманам доимо таъкид мекард, ки "ту келини мехостагии ман нестӣ, ман писарамро зани тоҷикӣ медиҳам". Ман он вақтҳо сахт андуҳгин шуда мегиристам, ки фарқи тоҷику озарӣ дар чӣ бошад. Бо тамоми ҳастиам хонаводаи шавҳарро ҳурмат мекардам, зеро дар оилае тарбия ёфтаам, ки барои мо эҳтироми калонсолон аз ҳама муҳим аст.
Вакте ки хушдоманамро пойҳояшро ҳар бегоҳӣ маҳс мекардам, келини хурдии ин хонадон фу гуфта, аз ӯ ҳазар мекарду ба ман мегуфт, ки магар дилат аз пойҳои ӯ беҳузур намешавад. Вале ман хомӯшона хушдоманамро маҳс мекардам.
Аз байн солҳо гузаштанд. Ману хушдоманам ҳоло мисли модару духтар ҳастем. Модарарӯсам доимо маро дуои нек дода, мегӯяд, ки "духтарам ман акнун фаҳмидам, ки гап дар сари миллат набудааст, гап дар сари одамгарӣ будааст".
Алина.