arzon replenishment
Арӯси муштзан қисми 2
06.08.2023
Дилошӯб
1649

 

Давомаш ... Аввалашро дар ин ҷо хонед.

Одилҷон назди Валӣ рафта, ду- се шаппотӣ ба рӯяш зад, бачаи оча чунон доду вой бардошт, ки модараш омада, Одилҷони «занкалон»-ро зери борони ҳақорат монд:

- Ҳа, барои қанчиқи занат додаратро мезанӣ, ту ҷувонимарг? Вай дар набудани ту рӯзи дароз дар маркази ноҳия мегардаду ман барои вай хизматгор шудаам, боз пушти вайро мегирӣ?!

-Вай дар маркази ноҳия намегардад, балки кор карда, маошашро оварда, дар дасти шумо медиҳад, баъд ба писари эркатулфоратон фаҳмонед, ки як бори дигар ба зани ман даст мебардорад, дастонашро зада мешиканам!!!

-Э илоҳӣ ҷувонимарг шавӣ, ту латта, ту занкалони худозада, гир бар, бар дафъаш кун, рӯзам бе ҳамин ходаи гӯр мегазашту мегузарад!

- Мебарам, албатта мебарам, ин дафъа, ки омадам, ӯро мебарам, зеро ман шуморо хуб мешиносам,- дод зад Одилҷон.

Ин суханон ба оташи қаҳри модар равған пошиданду ӯ девонавор дод зад:

-Э илоҳӣ намаки додаам кӯрат кунад, сағираи сури сархӯр, кошки ҳамроҳи модарат мемурдию имрӯз ба сари ман намедавидӣ,- калушашро аз пойяш кашида, ба сари Одилҷон партофт зани ба хашм омада, Сапеда аз ин гуфтугузор ба ҳайрат афтид…

Дарди дил

Пас аз ин ҷангу ҷанҷол Одилҷон ба хона даромаду асабиёна худро ба рӯи рахти хоб партофт. Танҳо пас аз гузаштани чанд соат ба Сапеда рӯ оварда гуфт:

-Сапедаҷон, модарам барои ман янга ва падарам тағо мешаванд, модарам сари фарзанд меравад, яъне мани сархӯрро зода вафот мекунад. Падарам бошад, ин ғамро бардошта натавониста, худкушӣ мекунад ва маро тағои бефарзандам ба фарзандӣ мехонад, ман ӯро падар медонам ва ба ман ҳам модару ҳам падар буданд, аммо янгаам азоби бисёрам додааст…. Ана ин Валӣ- девона бошад ҷияни янгаам аст, ки ба хотири ба ман намондани ҷоҳу ҷалоли тағоям ӯро янгаам фарзанд хондааст… Ман хотири падарам ба ҳама азобҳои модарам тоб овардаам, вале намехоҳам онҳо туро азоб диҳанд. Имрӯз мераваму коре карда, хонаи иҷора меёбам ва туро омада мебарам, вале худатро эҳтиёт намо. Сапеда ба умқи чашмони маҳзуни Одилҷон нигариста гуфт:

-Азизам, ман фақат ба хотири ту ба модару додарат чизе нагуфтам, вагарна ман камарбанди сиёҳи каратэ дорам. Синфи ҳашт мехондам, ки ба шаҳр ба хонаи бародарам рафтаму то хатми донишгоҳ дар шаҳр зиндагӣ кардам, бародарам маро назди устоди хубе барои омӯхтани ин навъи ҳарб монду ман дар чанд мусобиқа иштирок намуда, ҷойи аввалро гирифтам, вале дар деҳа касе инро намедонад.

Одилҷон хандида гуфт:

- Пас иҷозат, худатро муҳофизат намо…

Арӯси муштзан

Рӯзи дигар Одил бо падараш маслиҳат карда, ба шаҳр рафт, Омил-чӯпон тамоми пасандозашро ба Одилҷон дода гуфт, ки ягон хоначаро харидорӣ карда, баъд занатро мебарӣ. Ин ҳотамии шавҳар девҳои ботини Ҳоҷархонро бедор карду оташи ҷангро фурӯзон кард. Омил-чӯпон бошад, ӯро ором намуд:

-Занаки аблаҳ, чӣ меҷакӣ, боқимонда чизи доштаам аз туву аз писарат! Айби худат бо фаришта барин келин, ки соз нагирифтӣ, акнун азоби танҳоӣ каш, писари эркатоятро зан деҳ!

Модару писар то рафтани Омил-чӯпон ба зӯр сабр карданду ҳамин ки мард аз дар баромад, ба келин дарафтоданд, Валӣ чӯбдастаи калонеро гирифта, хост янгаашро ҷазо диҳад, ҳамин вақт Сапеда як тоб хӯрда, бо пояш чунон ба бари рӯи ҳевараш фаровард, ки ҷавон ба замин парчин шуд.

Ин вазъиятро дида, хушдоманаш белро гирифта, ба сари келин давид, вале аз зарби келин тӯб барин парида, ба як гӯшаи ҳавлӣ афтод… Чун онҳо ба худ омаданд, Сапеда алаккай дар хонаи падараш буд, аммо холаи Саида “айб мешавад, барои як моҷарои хушдоман гурехта меоӣ” гӯён, зӯран духтарашро ба мошини писараш шинонида, ба хонааш бурд.

Дили Сапеда тап-тап мезад, гумон дошт, ки хушдоман онҳоро бо белу каланд пешвоз мегирад, вале Ҳоҷархон хеле мулоим модарашро ба хона хонду пешаш чойю нон ва хӯроки чанд соат пеш пӯхтаи Сапедаро гузошт.

Сапеда бо сари хам интизори шармандагии гӯшношунидро нақл кардани хушдоман буд, вале ғайричашмдошт ӯ чизе нагуфт. Сапеда пас аз ин воқеа як соли дигар бо хушдоман зист ва нозукиҳои санъати каратэро ба Валӣ омӯхт, ҳамон зарбҳои аз Сапеда хӯрда ӯро одам карданду Валӣ ёрдамчии падар гашт, пеш аз ба пойтахт кӯчиданаш Сапеда аз хушдоманаш узр хост, кампир як лабханд карду халос…

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
SH😉 2023-10-08, 15:09
🤣🤣🤣агане марам карате ёд мегирм
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
SH😉 2023-10-08, 15:09
🤣🤣🤣агане марам карате ёд мегирм
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД