Sebiston new 2024 october
Арӯси фирорӣ Қисми 3
1912

Фирор ва шармандагӣ

Аммо лаззати бо Ориф будан ба рӯйи ҳамаи ин андешаҳо хатти ботил мекашид. Субҳи барвақт аз хобам хеста, ҳавлиро рӯфтаму ҳамроҳи аҳли хонавода наҳорӣ кардам, чун ҳама ба кор рафтанду хушдоманам ҳам бо чӣ коре ба хона даромад, ҷомадонамро гирифта, сӯйи коргоҳ шитофтам. Гурӯҳамро ба ҳамкорам супорида, гуфтам, ки як дугонаам тӯй дораду ҳамин ҷомадонро бояд ба маркази ноҳия бурда, ба ӯ диҳам. Аз коргоҳ баромада, рост ба автобус нишастам, хайрият ҳаво боронӣ буду касе ба ману ҷомадонам аҳимият надод. Аз саристгоҳ на ба автобус, балки ба таксие нишастаму сӯйи Душанбе роҳ пеш гирифтам, баъди чор соат дар назди Ориф будам. Мо ҳамон бегоҳ ба Маскав паридем, пеш аз парвоз ба номи акаам телеграмма фиристода, огоҳаш кардем, ки ману Ориф бо ҳамему моро дигар наҷӯянд. Ман арӯсаки семоҳа аз хонаи шавҳар фирор кардам, ин шармандагии гӯшношунидаро ИШҚ номидам…

Мо даҳ сол дар Маскав зиндагӣ кардем, дар тӯли ин даҳ сол шояд ҳазор мактуб ба номи модарам навиштам, вале танҳо як ҷавоб гирифтам:

-Ту барои мо мурдаӣ, ширамро ба осмонҳо ҷӯшидам, духтар надорам! Баъди даҳ сол мо ба Душанбе омадем, ман дар донишгоҳ аз нав барқарор шуда, онро хатм кардам, ҳамроҳи шавҳарам омӯзгорӣ мекардем. Соҳиби ду духтару як писар гаштему дар навбат истода, аз маркази пойтахт хонаи панҷҳуҷрагӣ гирифтем. Ҳамоно бо пайвандонам ногап будем. Духтари калониям мисли як себи дукафон ба Самад монанд буд, вале Ориф ӯро фарзанди худаш медонист, ман намедонистам, кӣ ӯ аз Самад аст ё аз Ориф. Духтари калонӣ ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуду майдаҳо дар мактаб мехонданд, як шоми касофатбор ҳамсарамро мошин заду ӯ баъди ду рӯзи талоши табибон дар синни 45-солагӣ аз дунё гузашт. Бори зиндагиро тани танҳо мекашидам, аз ҳамшаҳриҳо фаҳмидам, ки бародари калониям раиси ноҳия шудааст. Кофта-кофта, телефони ӯро ёфта занг задам, телефонро котибааш бардошта гуфт:

-Раис нестанд, модарашон бемори сахт дар беморхонаанд, шояд имрӯз нашаванд.

 

                 Марги модар ва дидори пайвандон

Дигар худро дошта натавонистаму кӯдаконро ба апаашон вобаста карда, роҳи ноҳияро пеш гирифтам, ман аз дари ҳавлӣ ворид шудаму тобути модарамро бардоштанд. Бародаронам бо ман гап назаданд, мардум бо дидани ман ба пичир-пичир оѓоз карданд, аммо нолаҳои зори маро дар санҷаи дар дида, янгаи калониям маро ба хона даровард. Оҳиста-оҳиста ба акаҳоям оштӣ кардаму ба хонаамон рафта меомадам, баъд фарзандонамро мебурдагӣ шудам ва мардуми деҳа низ бадномии маро фаромӯш карда, бо ман гапӣ шуданд.

     Пас аз марги шавҳарам фарзандонам тамоман нописанд шуданд, гапамро гӯш намекарданд… Ҷанги шаҳрвандӣ оѓоз гашту духтарам ба нею нестони ман нигоҳ накарда, зани генерали худкомае гашт, шавҳари аввалашро куштанду ӯ ба бозичаи дасти мардони ҳавасбоз мубадал гашт. Дувумӣ низ аз пайи апааш рафт, писари ландаҳурам бошад, на хондан мехосту на кор карданд, апаҳои беҷогардаш чизе диҳанд, мехӯрду чизе диҳанд мепӯшид. Духтари хурдиям муфтхӯрӣ бас, гӯён писарамро ба як “кавалераш” шинос кард, то пул кор кунад. Натиҷаи пулкоркунияш ҳамин шуд, ки ӯро понздаҳ сол равонаи зиндон карданд. Духтари калониям бизнес мекунам гуфта, хонаамонро фурӯхта, як хонаи якҳуҷрагӣ харида, ваъда дод, ки баъди шаш моҳ бароямон ҳавлӣ мехарад. Имрӯз ман ба бемории саратони бачадон гирифтораму дар ҳамин як ҳуҷрагии танг рӯ ба раҳми Худо мехобам, писарам дар зиндон, духтари дуввумӣ дар Русия ба ман ҳатто занг намезанад, духтари калониям бошад, ҳафт шавҳар карда бошад ҳам, рӯйи фарзанду бахтро надид, кораш фоҳишагист. Худо накунаду ягон насиҳаташ кунам, тарафам дод зада мегӯяд:

-Илтимос, ҳама гап заданд, ту хап ист, бо ҳамон биографияи «хушрӯят»… арӯси гуреза! Ҳамин мана нимам аз як марду ними дигарам аз марди дигар ё не?! Аз ҳамин хел оча, ки зоида шудӣ….

Намедонам Худованд кай ҷони амонатияшро мегирад, ки аз ин дӯзах халос шавам?! Бародаронам, ки ёрмадиям мекарданду пушту паноҳам буданд, аз дунё гузаштанд, ҷиянҳо аз пушти зиндагии худ. Инак, ман мондааму дарду чор девори қисмат. Бовар дорам, ки Худованд ин ҳамаро барои он ба ман раво дидааст, ки ман ба дили модарам ханҷар задам, дуои модарам маро гирифтааст. Ӯ дар ҳамон номааш рост гуфта буд, ман мурдаам, мурдаи берун аз гӯр…

   Файзия

                                     Таснифи Нисо Холид

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Аз шахри душанбе 2023-04-30, 22:33
Хиёнати нобахшидани кардаи.бузургон гуфтаанд ки ончи кори хамонро медарави.модаро партофти ва шармандааш карди имруз чазояшро мебини.аз ягон фарзандат гила накун.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Аз шахри душанбе 2023-04-30, 22:33
Хиёнати нобахшидани кардаи.бузургон гуфтаанд ки ончи кори хамонро медарави.модаро партофти ва шармандааш карди имруз чазояшро мебини.аз ягон фарзандат гила накун.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД