Sebiston new 2024 october
АРӮСИ ДУЗД ХОНАИ ХУСУРАШРО ҒОРАТ КАРД
2661


Келин ҳам фарзанд аст мегӯянд, вале ҳамчуноне, ки фарзанди бад балои ҷони волидон мегардад, арӯси бадкирдор низ бадтар аз душмани қаттол аст. Ҳодисае, ки дар пойтахт рӯй дод, далели равшани ин гуфтаҳост.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як арӯсаки 19-сола бо ҷурми дуздӣ хабар додааст. Келинчак дар ғорат крадани манзили хусураш муттаҳам дониста мешавад.

Ҳодиса дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯй додааст. Як марди 54-солаи сокини ҳамин ноҳия ба мақомоти милитсия мурҷиат намуда, арз кардааст, ки шахсони номаълум аз манзили зисташ маблағи калон-250 ҳазор сомониро ба яғмо бурда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. "Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро келини қабрдида, ки арӯсаки 19-сола мебошад, содир намудааст. Тафтишот аз рӯи ин ҳодиса идома дорад ва дар сурати исбот шудани гуноҳаш келинчаки бадкидор чанд соли умри ҷавонашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Ин аввалин ҳодисаи дуздии келинҳо набуда, қаблан низ чанд арӯс манзили волидони шавҳарашонр ғорат карда буданд. Умуман, дуздӣ яке аз ҷиноятҳои нисбатан зиёд содиршаванда дар Тоҷикстон мебошад. Таассуфовараш он аст, ки дар бештари ҳолатҳо назикони оила ин амали нангинро содир ва пайвандони худро ғорат мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД