Салом! Номи ман Фаррух, ҷавони 25-сола ва соҳиби маълумоти олӣ ҳастам. Дар як идораи бонуфуз кор мекунам.
Мо дар Ҳисор зиндагӣ мекунем, вале бачаи деҳтӣ бошам ҳам, бисёр тозатабиат ҳастам ва тобу тавони ифлосиро надорам. Санавбар ном ҳамсабақамро дӯст медоштам. Аҳду паймон баста будем, ки баъди хатми донишкада риштаи тақдирамонро бо ҳам мепайвандем, аммо падару модарам ду пояшонро ба як мӯза андохта “духтарҳои шаҳрӣ ба ғайри лабу рӯяшонро рангубор кардан дигар аз ӯҳдаи ягон кор намебароянд. Ягон духтари деҳотиро келин мекунем, ки хизматамонро карда гардад” гӯён, дар наздам шарт гузоштанд, ки аз ду якеро интихоб намоям: онҳо ё дӯстдоштаам!”
Табиист, ки ман наметавонистам ба хотири як духтар шуда аз баҳри волидонам гузарам, аз ҳамин сабаб ишқамро даруни синаам гӯр карда, бо арӯси ёфтаи модарам хонадор шудам. Хоҳаронам чанд бор хоҳиш карданд, ки пеш аз тӯй як бор келиншавандаро бубинам ва ҳамроҳаш камтар сӯҳбат кунам, вале “падару модар розӣ, худо розӣ гуфтаанд, барои ман фарқ надорад, ки арӯс зебо аст ё безеб, муҳимаш ба модарам маъқул бошад” гуфта, даст меафшондам, зеро дар дилам чизе намеғунҷид.
Ҳамин тавр мане, як бачаи соҳибмаълумот ба хотири он ки падару модарам аз ман ризо бошанд, риштами тақдирамро бо духтаре пайвастам, ки дар умрам надида будам. Арӯсро бори аввал шаби никоҳ дар хонаи падараш дар таги чодари арӯсӣ дидам. Азбаски арӯсонро рӯзи тӯй рангу бори зиёде мекунанд, ба назарам духтари зебо намуд ва аз интихоби волидонам қаноатманд ба хона баргаштам. Ҳамин тавр тӯю тамошо ороста, арӯсро бо карнаю сурнай ба хона овардем, аммо ин издивоҷ маро хушбахт накард.
Модарам “духтарҳои шаҳрӣ ба ғайри лабу рӯяшонро рангу бор кардан дигар ягон ҳунар надранд” гуфта, дӯстдоштаи маро рад намуд, вале келини таърифии ёфтаашон ба нохуни пои Санавбар намеарзад. Арӯсам чунон танбал аст, ки то маҷбур накунам, ҳатто хонаро ҷорӯб задан намехоҳад. Либосҳои маро дарзмол кун гӯям, ба ҷойи як рах дар шимам ду-се рах мегузорад ва маҷбур мешавам, ки худам дубора либосамро дарзмол кунам. Ҳамеша либосамро нимколашӯй мекунад ва баъди хушк шудани либос дар он доғҳои мағзоба боқӣ мемонанд. Туфлиҳоямро тоза карда мон гӯям, дод мезанад, ки ман канизаки ту нестам, латтаро гирифта худат тоза кардан гир. Дар бораи хӯрокпазӣ бошад, ҳоҷати гап ҳам нест, аз зиндагиамн шаш мҳ гузашта бошад ҳам, то ҳол ягон таоме напухтааст, ки ягон айб надошта бошад. Як рӯз хӯрокро шӯр мекунад, рӯзи дигар бенамак, рӯзи сеюм месӯзонад...
Бо ин ҳама беҳунариаш ақаллан ҳусни расо медошт, ба камбудиҳояш чашм мепӯшидам, вале арӯси ман на сурат дорад ва на сирати инсонӣ. Як духтари лоғарандоми сиёҳак, бар замми ин, мағруру худпараст аст. Ҳавсала намекунад, ки ақаллан рӯю мӯяшро каме ба тартиб дарорад. Бо як либос ҳавлӣ мерӯбад, ба оғил медарояд ва шаб бо ҳамон либос хоб меравад. Дигар шаҳбачаҳо аз бӯйи атри арӯсонашон маст шуда хоб раванд, ман шаб то саҳар аз бӯйи таппак хобида наметавонам. Чанд бор насиҳат кардам, фаҳмондам, ки зан бояд тозаву озода ва хушрӯю хушбӯй шуда ба оғӯши шавҳараш дарояд, аммо “хоҳӣ ҳамин нахоҳӣ ихтиёрат” гуфта, рӯяшро мегардонад ва фил барин фиххос зада хоб меравад.
Хона ҳамеша бетартибу сару либосам нимколашӯй, аз хӯрдани хӯрокҳои сӯхтаву нимсӯхта ҷонам ба лабам расидааст. Ҳазорон бор пушаймонам, ки гапи падару модарамро гирифта, Санавбати нозанинро раҳо намудам ва бо ҳамин духтари чалфас хонадор шудам. Ҷавоби занамро медиҳам гӯям, модарам қиёматро қоим мекунад, ки ту моро шарманда кардан мехоҳӣ, одамон як сол нашуда келинашонро пеш карданд гуфта ба ҳоли мо механданд. Сарҳисоби корамро гум кардаам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам: Талоқи арӯси чалфасро диҳам ё сарамро гирифта ба Русия равам, то ки дигар на бинам ва на сӯзам?