Sebiston new 2024 october
Арӯси бой накобед, модарон!
15.05.2023
Дилошӯб
982

Арӯси бой накобед, модарон!

Бахтро бо пул харида намешавад

Меҳмони навбатии гӯшаи «Маслиҳати хушдоман» модари азиз, сокини деҳаи Айнии ноҳияи Айнӣ, Низомова Мақсуда мебошанд. Суоли мо ба меҳмони ҳафтанома чунин аст:

-Издивоҷ бояд бо хости волидайн сурат гирад беҳтар аст ё ба интихоби ҷавонон бартарӣ дода шавад?

-Никоҳ савдои умр аст, он бояд бо маслиҳати тарафайн сурат гирад, ки на сих сӯзаду на кабоб. Дар урфият мегӯянд, ки ҷомаи бо маслиҳат кӯтоҳ намеояд, барои ҳамин андешаи солим бояд дошт. Волидон, хоса модарон ҳамин, ки писардор шуданд, умед мекунанд писарашон ба домодӣ расаду дар бараш ҷомаи шаҳиро дида, ормон шикананд. Чун писар қад кашидан мегирад, ташвишҳои модар зиёдтар мешаваду ҳар духтари зеборо бо чашми харидорӣ менигарад, аммо дар бисёр мавридҳо фарзандон умеди волидонро барбод дода, худашон ҳамсар меёбанд. Ин амри табиӣ аст ва аз ин ҳангома сохтан камоли беақлист, баъзан мешунавем, ки калонсолон назди ҷавонон шарт мегузоранд, ки ё мо ё хушдорат. Мо бояд аввал дар бораи хушбахтии фарзандамон фикр кунем, дили ӯро ба назар гирем. Агар номзади ёфтаи фарзанди мо хушахлоқу ҳунарманд ва аз оилаи солим бошад, набояд фикр кунем, ки ӯ аз кадом маҳал асту вазъи иқтисодии оилаашон чӣ гуна аст? Зеро дар зиндагӣ чизҳое аст, ки онро бо пул харида намешавад. Ба фарзандон омӯзондан даркор, ки зиндагияшонро худашон созанд.  

Дар таҷрибаи зиндагӣ мебинем, ки оилаҳои бо ишқу муҳаббат ташкил шуда зиёдтар вайрон мешаванд. Зеро ишқи ҷавонӣ, дӯстдорӣ дигар асту зиндагии реалӣ дигар. Бисёр ҷавонон чун бар душашон бори зиндагӣ меафтад меҳаросанд. Духтарон ҳам мебинанд, ки шавҳари дирӯз ошиқу шайдо имрӯз бо вай дигар гуна муносибат мекунад ва сар мешаванд моҷароҳои оилавӣ. Дар ҳамин ҳолат маслиҳати калонсолон ба ҷуфти ҷавон сахт лозим аст. Падару модар он чиро, ки дар зиндагии хеш диданд, ба фарзандонашон бояд фаҳмонанд, кор бояд то ҷудоӣ нарасад.

Тарҳи издивоҷ ва оилаи нав бояд бо маслиҳати волидону калонсолони авлод ва пурсидани назари ҷавонон сурат бигирад. Дар оиладоршавӣ маҷбур намудани фарзандон оқибати хуб надорад. Боқӣ, дуо мекунам, ки ҳама издивоҷҳо бобарор, оилаҳо мустаҳкам ва ҷавонон хушбахт бошанд. Зеро оилаҳои ободу хушбахт дар маҷмӯъ ободии ин марзу бум ва хушбахтии насли нав аст.

                                        Сӯҳбаторо Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД