Беаҳд
Онҳо тӯҳфаҳои зиёде харида, ба Тоҷикистон парвоз карданд, аммо модари Саъдӣ нагузошт, ки Лена пояшро аз дарвоза дарун гузорад. Зан гӯё ягон нафар шахси наздикаш мурда бошад, бо овози баланд нолаву фарёд мекард, тӯй ба мотам мубадал гашт. Бечора Лена намедонист, чӣ кор кунад, ҳеҷ ин гуна пешвозро нигарон набуд. Шавҳараш ӯро ба пойтахт, ки аз ноҳияи онҳо он қадар дур набуд, бурда дар як меҳмонхона ҷо карду рафта, тӯйи додаронашро гузаронида омаду барои Лена хонаи иҷора гирифта дод. Акнун як пояш дар ноҳия буду як пояш дар шаҳр, хушбахтона ё бадбахтона дар Тоҷикистон дар қади Лена кӯдак зад. Ҳомиладории ӯ хеле вазнин мегузашт, мудом бемор буд, Саъдӣ баъзе корҳо мондаанд гӯён, ба Русия парвоз карду ба Лена каме маблағ монда гуфт, ки як моҳ пас меояд. Аммо сафараш тӯл кашид, аз ӯ на пай буду на ҳайдар, ҳатто занг намезад, бечора Лена тифлакашро бо мадади як ҳамсояаш, ки ин ҷо дугона шуда буду дар дармонгоҳе ҳамшираи шафқат буд, ба дунё оварда, гӯшвораю ангуштарин, гарданбандашро фурӯхта, чипта харида кӯдаки навзод дар дасташ ба Русия парвоз кард, зеро муҳлати хонаи иҷорааш ҳам ба охир расида буд. Аз Тоҷикистон бо як либоси тунук рафта буд, моҳи ноябр буду дар Маскав барфи тар меборид ва ҳаво бениҳоят хунук буд, ҷавонзан бо азоб то хонааш расид. Кӯдакаш ғаш мекард, аммо дари ҳавлиро ба рӯяш одамони бегона кушода гуфтанд, ки ду моҳ пеш ҳавлиро харидаанд. Ҳуши Лена аз шунидани ин хабар рафт, чун ба худ омад, боли сараш марду зани ҳайрони арманиро дид. Марду зан ду рӯз ӯро нигоҳубин карданд ва аз онҳо фаҳмид, ки Саъдӣ ҳавлиро фурӯхтааст. Рӯзи сеюм ӯ ба квартирааш рафт, он ҷо чанд нафар бачаҳои тоҷик зиндагӣ мекарданду гуфтанд мо пули инмоҳаро додаему ҳеҷ куҷо намеравем. Лена рост ба ятимхонае рафт, ки он ҷо ба воя расида буд, он ҷо ҳолаташро фаҳмиданд ва бо кӯмаки директори хонаи бачаҳо иҷоранишинҳоро аз хонааш бароварда, нафаси осуда кашид. Хонаи бетартибу чиркинро бо ёрии дӯстони айёми ятимиҳояш тоза карду зиндагиро аз сифр оғоз намуд. Ҳуҷҷатҳои духтаракашро тахт намуду акнун танҳо бо ёрдампулии Нисо зиндагияшон пеш мерафт. Ӯ духтарашро ба хотири ҳамон дугонаи тоҷикаш, ки дар ғарибию бекасӣ дастгираш буд, Нисо монд.
Лена Саъдиро дар дили худ гӯронд, бовараш аз одаму олам монд, дигар ба суроғаш ҳам нарафт, маслиҳати дӯстонашро барои мубориза барои гирифтани ҳавлии модаркалонаш рад кард. Дигар асабҳояш мадори суду судбозӣ надоштанд ва намехост чеҳраи манфури Саъдиро бинад, аммо ӯ пайдо шуд.
Фиреби навбатӣ
Худашро пеши пойи Лена партофта, узр пурсида гуфт, ки ба балои қарз задаму маҷбур шудам ҳавлиятро фурӯшам ва мардона қавл медиҳам, ки онро харида, ба ту бармегардонам. Лена боз ӯро бахшид, ба хона роҳ дод ва аз гуноҳаш гузашт, вале…
Саъдӣ кам ҳам бошад, ба зану фарзандаш ёрӣ медод, мошини бадвоҳимаи хориҷӣ дар зери пой либосҳои зебо дошта бошад ҳам, худро қарздору муфлис мехонд. Ин ҳама дар дили Лена гумону шубҳаро зиёд мекард, боз Саъдӣ ягон шаб бо ӯ намемонд, дар як идора посбонам гӯён мерафт. Як бегоҳ Лена аз қафои Саъдӣ оҳиста поён фаромаду дар таксие нишаста, аз пушти мошини шавҳараш рафт, ҳарчанд Нисо масти хоб буд, вале дилаш кашоли хонаву духтаракаш мехост ҳақиқатро ошкор кунад. Мошини Саъдӣ хеле рафту пеши бинои баландошёнае қарор гирифт, Лена таксиро гуфт интизор бошу аз пушти шавҳар аз зинаҳо боло шуд. Ошёнаи сеюм, утоқи 86… Саъди дарро пӯшиду Лена занги дарро зер кард, дарро ба рӯяш ҷавонзани болобаланди абрӯсиёҳе кушод, Саъдӣ, ки нав кафшашро кашида буд, аз дидани Лена дар ҳайрат шуд…
Маълум шуд, ки ҳангоми дар Тоҷикистон будани Лена Саъдӣ духтари дилхоҳи модарашро ба занӣ гирифта, ба Русия овардаву ҳавлии ӯро фурӯхта, барои оилаи наваш хона харидааст. Зани Саъдӣ Ленаро ҳақорати бисёр кард.
Ҷавонзан, ки акнун аз шавҳари тоҷикаш дилаш ба тамом монда буд, аввал ба рӯйи Саъдӣ як шаппотӣ заду баъд бо нафрат туф карда поён фаромад.
Лена ба хонааш даромад, Нисоча бехабар аз номардии падару ноҳақ таҳқир шудани модар барача барин хоб буд.
Нисо ариза навишта, аз Саъдӣ ҷудо шуд, рӯзи мурофиаи судӣ ӯ ҳатто гирифтани ёрдампулиро аз ин номард рад кард. Баъди ҷудоӣ духтаракашро ба боғча дода, худаш ба кор баромад, шабу рӯз заҳмат мекашид ва ҳастияшро ба духтари сияҳмӯи сияҳабрӯяш мебахшид. Бо гузашти солҳо хонаашро иваз намуда, хонаи дигар харид, духтараш дар беҳтарин мактаб бо баҳои аъло мехонд, аз чизе танқисӣ надошт. Ба саволи Нисо дар бораи падараш ҷавоб медод, ки падарат дар садама фавтидааст…
Оҳи арӯси ғариб
Лена намедонист, ки Саъдӣ аз ростӣ баъди шаш моҳи ҷудоӣ аз ӯ дар садамаи автомобилӣ ҳалок гаштаасту занаш шавҳари нав карда, дар хонаи бо пули ӯ харида зиндагӣ мекунад. Ӯ инро вақте фаҳмид, ки додарони Саъдӣ ягона нишонаи бародарашонро суроғ карда омаданд. Зани тоҷики Саъдӣ баъди вафоти ӯ кӯдаки батнашро исқоти ҳамл кардааст ва гуфтааст, ки дарди сар барои ман лозим нест.
Лена, ки худаш ягон хешу табор надошт, монеи дидори Нисо бо пайвандонаш нашуд. Хешу таборони Саъдӣ Лена ва духтарашро ба меҳмонӣ даъват кардаанд, Лена аввал розӣ нашуд, зеро азобҳояшро ба хотир овард, аммо Нисо мехост бибиву бобояшро бинад.
Ин дафъа модари Саъдӣ Ленаро бо оғӯши во ва ашки шашқатор пешвоз гирифта, дастонашро мебӯсиду аз ӯ узр мепурсид, Нисоро бошад, болои дидаҳо мебардоштанд. Аҷаб таззодҳое дорад зиндагӣ.
Лена сари гӯри Саъдӣ рафту ҳамон ҷо ҳама гуноҳи ӯро бахшид, вале нагирист. Сахтиҳои зиндагӣ ашки ин бонуи аз кӯдакӣ азобкашидаро хушк карда буданд.
Лена назди Нисои наҷотбахшаш низ рафт, дугонааш ӯро ду шабу ду рӯз меҳмондорӣ кард. Онҳо мегуфтанду гоҳ механдиданд, гоҳ ба андеша мерафтанд.
Аҷаб дунёе, ба Нисо тақлид карда, ширин мегуфт Лена…
Ҳилола