( ИДОМААШ)
Нигина, ки аз ҳодисаҳои имрӯз ба сараш омада сахт мондаву руҳафтода шуда буд, беихтиёр ба чор тарафи хона чашм давонд. Дар кунҷи болои хона курпаву болиштҳо таҳ карда гузошта шуда буданд, деворҳо бо ранги аҷиби дорои гулҳо ороиш ёфта, дар тирезаҳо пардаҳои ҳарир овезон буд. Дар девори қисмати боло сурати тӯйи домодию арӯсии Ихтиёр ва занаш овезон буд.
- Биё, духтарам, - гӯён аз назди дар овози зани беморе ба гӯш расид.
Нигина ба тарафи зан нигоҳ карда, дид, ки ӯ маҷоли аз ҷой ҷунбидан надорад. Духтар давида рафту бо янгааш мисли модару духтар саломуалейк кард ва қазияи рухдодаро пурра ба ӯ нақл карда дод.
- Эҳ Худои ман, - нола кард занак, - дар хамин дунёи панҷрӯза инсон мусулмонвор зиндагӣ кунад, чӣ мешавад?! Одамони бад бисёранд, духтарам! Бале, бисёранд. Акнун чӣ кор карданиӣ? Ба фикри ман бо ин куртаат ба хона нарав. Ҳозир ман ба ту куртаи духтарамро медиҳам, - гуфт зан ва аз ба Нигина дод..
Духтар ба хонаи акаи Ихтиёр гузашта, либосашро иваз карда омад. Занак боз ӯро суолборон кард.
- Духтарам, барои чӣ ба милиса шикоят накардед? Бачаи таҷовузкор ҳабс нашуда, ҳамин тавр гаштан мегирад? Як духтарро бебахт кардан осон шудааст, магар? Дар ин мобайн танҳо Нигина шарманда мешаваду халос! Ғайр аз ин масъалаҳои дигар ҳам ҳаст. Ин мушкилии номус аст.
- Не, холаҷон, ба ягон кас гуфтан даркор нест, - гуфт Нигина.
- Беҳтараш раву бо ҳамон бача гап зан. Гӯй, ки агар туро нагирад, ӯро ба суд медиҳӣ. Духтарам, ӯро тарсон ва коре кун, ки шарманда нашавӣ. Нигинаҷон, агар ӯ туро нагирад, охираш расво мешавем, - гуфт бо афсӯс занак ва рӯяшро ба тарафи игар гардонд.
- Ман мурам ҳам ӯро намегирам. Ӯ як бачаи авбоши наркоман аст, - гуфт Нигина ва ба гиря даромад.
- Мо воқеаи рухдодаро ба ҳеҷ кас намегӯем ва бурда, бакораташро барқарор месозем. Хоҳари ман бо писаре оиладор мешавад, ки худаш интихобу маъқул кунад, - ба гап ҳамроҳи шуд Ихтиёр баъди ба хона даромадан..
- Охир вай..., - гуфт занак, аммо Ихтиёр даҳони ӯро баст.
- Гӯш кун, лаққӣ, ба ҳар кор биниатро нахалон. Ин қадар бисёр нолиш накун. Ман худам медонам, ки чӣ кор кунам. Ту танҳо даҳонатро пӯшида нигоҳ дор ва мисли занакҳои лаби об ин ҳодисаро дар ҳар куҷо гуфта нагард. маро фаҳмидӣ, Фотима?, - ба тарафи занаш дод зад Ихтиёр.
- Майлаш, - кӯтоҳ ҷавоб дод занак ва хомӯш монд...
Мушкилкушо
Нигина ба ҳаммом рафта, оббозӣ кард. Баъди ин акаи Ихтиёр ӯро ба хонаашон бурда монд. Додараш дарвозаро кушод. Хайрият, ӯ нафаҳмид, ки куртаи Нигина иваз шудааст. Ҳар чӣ, ки, ӯ мушкилашро осон кард.
- Акаи Ихтиёр, - гуфт духтар, - ба тарабхона рафта, ба ҳамсинфонам гӯед, ки вазъи саломатии ман бад шуду шумо бо мошинатон маро ба хонаатон овардед, в – агарна шарманда мешавам ва ҳамсинфонам ҳам хавотир мешаванд.
Акаи Ихтиёр “ин тарафашро фикр накун, хоҳарҷон”, - гуфта ба мошинаш нишаст ва газро зер кард.
Дили Нигина аз рафтани бародараш пур шуду ба ҷойи хобаш рафт ва либосашро иваз карда, ба бистар даромад. Ӯ сарашро ба зери болишт гузошта, зор – зор гирист ва меандешид, ки акнун оқибаташ чӣ мешавад.
Меҳмонҳои нохонда
Субҳ садои мағале Нигинаро ба худ овард. Духтар аз ҷой хеста, либосҳояшро иваз карду барои шустани дасту рӯяш рафт. Дар пушти дари меҳмонхона чанд ҷуфт пойафзолҳои ҳаррангаро дида, ҳайрон шуд, ки дар ин саҳарии барвақт ба хонаашон кӣ меҳмон шуда бошад.
Нигина з пушти дари ҳаммом баргашта, ба ҷояш дароз кашид. Фикр кард, ки шояд Аскар барояш хостгор фиристодааст ва ҳозир сирри нодухтар будани ӯ кушода мешавад. Ӯ фикр мекард, ки волидайнаш ҳам дигар илоҷе наёфта, духтарашонро ба ҳамин беномус медиҳанд ва тақдири Нигинаи бечораро бо дастони худашон месӯзанд.
Духтар дигар тоқат карда натавонист. Барои аз шармандагӣ халос шудан ду роҳ буд: ё аз хона гурехтан ва ё мурдан. Духтар дар хонаашон сар задани қёматро интизор шуда, тез – тез ба соат менигарист.
“Кошки куртаеро, ки ними баданаш кушода буд, намепӯшидаму ҳеҷ гоҳ ба ин шабнишинӣ намерафтам. Беҳтараш аз хона намебаромадаму ҳоло шарманда намешудам. Сад афсӯс, ки акнун коре, ки шуданаш даркор набуд, шуд” - аз дил мегузаронд духтар ва дарун ба дарун худашро мехӯрд. Ҳамин вақт дар кушода шуду модараш даромада омад. Нигина зуд ба тарафи дигар нигоҳ карда, худашро ба хоб андохт.
- Ту ҳоло ҳам хобӣ?, - пурсид бо қаҳр хола Райҳон.
- Саломатиам хуб нест, оча, - баҳона кард духтар.
- Ин қадар духтари нозукӣ. Мемурӣ, ки ба аҳволат нигоҳ карда, рақсубозӣ кунӣ, гӯён ба як тарафи кат нишаст занак. - Ё ту нӯшидӣ? – пурсид занак ва – ку як бор пуф кун, - гуфта рӯяшро ба духтараш наздик кард.
- Танҳо ду бор нӯшидаму халос, оча, - қаҳр кард духтар ва рӯяшро гардонд.
- Гӯш кун, бачем, туро ба шавҳар додем...
Тарошаи аз бом афтида
Нигина ҳайрон монд. Охир, падарам нест. Чӣ тавр аз он кас напурсида, маро ба каси намешинохтагӣ додед? Хостгорон киҳоянд? – пурсид Нигина.
- Ту бисёр фикр накун. Онҳо ҳаммашро бо падарат маслиҳат кардаанд, - гуфт холаи Райҳон.
- Хайр, маро ба кӣ додед? Чаро як бор аз ман напурсидед? – ба тарафи модараш дод зад духтар.
- Чӣ ин қадар дод мезанӣ? Ба амаки Мирзоят келин шудӣ. Писараш – Раҳимро бояд шиносӣ. Агар нашиносӣ ҳам ҳеҷ гап не, шинос мешавӣ. Бачаи тиллоист. Бисёр фикр накун, духтарам, мо туро ба одамони бад намедиҳем.
- Раҳим? Ҳамон каттачаи “ненормалний”? Як касалибача аст, ҳа?
- Ин қадар ба замин задӣ домодамро. Мирзо барин одами бузургро ту наход ҳамин тавр гӯӣ. Писари ӯ касалӣ – пасалӣ нест. Авлоди падарию модариаш аз бойҳои куҳнаи ноҳияанд. Падарат хостгори онҳоро рад карда натавонист. Онҳо аллакай субҳ омада, ҳамаи корро ҳал карда рафтанд. Падарат, ки баргардад, боз як бори дигар меоянд. Ту акнун зани бой мешавӣ, - бо ханда гуфт Райҳон.
“Зиндон” - и зинда
Дар хонадони акаи Абдувоҳид қонунҳои оҳанини ҷорӣ буд. Қарори падар дар ин оила ҳеҷ гоҳ муҳокима намешуд ва тағйир ҳам намеёфт. Дугонабозӣ, нишастҳо, тамошои сериалҳои телвизионӣ ва иҷрои дигар амалҳои ба падар номақбул дар ин хона иҷозат дода намешуд. Аз ҳама чизи даҳшатнок дар ин хонавода шармандагӣ ба ҳисоб мерафт.
Мардак тез – тез фарзандонашро таъкид мекард, ки ҳеҷ гоҳ либоси кӯҳна напӯшанд, ба хона ҳар касро наоранд ва монанди ин. Як бор духтари апаи дар деҳа будааш ба хонаи Абдувоҳид омад. Баъд аз се - чор рӯз аз дарвоза баромада, ба бачаҳое, ки аз пеши дари хонаи тағояш мегузаштанд, табассум кард.
Аз Нигина “ана дар он хона як бача аст, ки футболкаи сурх мепӯшад. Соли таваллудаш чанд аст?”, - пурсиданашро акаи Абдувоҳид шунавида монд. Ӯ аз ин сахт дар ғазаб шуда, ”тирмизаки ҳаромӣ, синну сол он бачаро чӣ кор мекунӣ? Ин ҷо деҳаатон нест, ки ба ҳар кас нигоҳ карда, хандидан гирӣ .Духтар бо шарму ҳаёаш зебост ва бояд дар хона шинад. Минбаъд нашунавам, ки даҳонатро медаронам, лаънатӣ”, - гуфта, Абдувоҳид торсаке ба рӯи духтар зад. Ӯ қаҳр карда, худи ҳамон рӯз ба хонаашон рафт ва дигар ба хонаи тағояш қадам намонд.
Бозгашти сардори “зиндон”
Акаи Абдувоҳид баъд аз 5 моҳ ба ватан баргашт. Ӯ духтарашро хаставу руҳафтода дида, оддиякак ба мунсибати хатми бомуваффақияти мактаб табрикаш карду дигар чизе напурсид. Акаи Ихтиёр, ки ӯро дар фурӯдгоҳ оварда буд, ҷомадонҳоро ба хона медаровард. Чашми Нигина ба ӯ афтид ва аз худаш сахт хиҷолат кашид. Ӯ ба ёд овард, ки ҳамон рӯзи наҳс ба чашми ин одам чӣ хел нигоҳ кард?
Нигина ба хона даромад ва фикр кард, ки ана акнун шармандагии ҳақиқиаш оғоз ёфт. Падараш ҳам омад ва баъди ду – се рӯз амаки Мирзо боз ба хостгорӣ меояд. Баъди ягон моҳ тӯяш ҳам барпо мешавад, ба таги чодар медарояд. Духтари директори машҳури завод, духтарак зебову боодоб, вале ...
Давом дорад ...
Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ шаб соати 21:00 мутолиа намоед