arzon replenishment
Ғарқшудаву наҷотдиҳанда наҷот ёфтанд
10.02.2025
Oila.tj
243

Ғаввосони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як нафар ғарқшудава наҷотдиҳандаи ӯро наҷот додаанд.

Бино ба иттилои КҲФ, ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд хабар расидааст, ки як нафар ба қасди худкушӣ аз пули мошингузари шаҳр худро ба дарёи Сир ҳаво додааст. Наҷотдиҳандагон фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расида, дидаанд, ки дар оби пуршӯр ду нафар талош доранд ба соҳил расанд, вале наметавонанд. Ғаввосон фаврӣ ба кумак расидаанд.

Маълум шудааст, ки яке аз ин ду нафар сокини кӯчаи Максим Горкийи шаҳри Хуҷанд буда, 26 сол доштааст. Маҳз ӯ ба ким-кадом сабаби номаълум хостааст худкушӣ кунад. Шахси дуюм роҳгузар Муслим Ҷӯраев будааст, ки чун дидааст шахсе ғарқ мешавад, барои наҷоташ худро ба оби дарё андохтааст.

Имдодгарони Раёсати КҲФ ҳардуро саломат ба соҳил баровардаанд. Сабаби худкушии шаҳрвандро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД