Салом ба кулли мухлисону алоқамандони сомонаи Оила. ТЧ!
Банда тӯли чандин сол дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки маъмулан онро ЗАГС мехонанд, фаъолият намудаам ва шояд аз ҳамин сабаб, оила ва мушкилоти дигари марбут ба хонаводаро ба дил бисёр наздик қабул мекунам. Солҳои охир рӯ ба афзоиш ниҳодани талоқу ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва аз меҳру муҳаббати волидон, хоса аз меҳри падар бе насиб мондани кӯдакони бегуноҳ маро ба он водор намуд, ки андешаҳоямро сари ин мавзӯи дарднок тариқи сомонаи Оила. ТЧ баён намоям.
Бунёд намудани оила чандон кори душвор нест, вале пойдору устувор нигоҳ доштани оила аз зану шавҳар ақлу фаросат ва сабурию устуворию талоши зиёде мехоҳад. Калиди бахт ва чӣ гуна сурат гирифтани зиндагӣ ба маърифати хонаводагии ду ҷавон-зану шавҳар вобаста аст. Ҳамсарон аз як гиребон сар бароварда, ҳамдигарро ҳурмату эҳтиром намоянд, ба гипи дигарон дода нашаванд ва барои хушбахтии оилавии худ мубориза баранд, касею чизе онҳро аз ҳам ҷудо карда наметавонад, вале зан ё мард гаправ бошад, оташи ғазаби худро фурӯ бурдаву дар лаҳзаҳои ҳассос худро ба даст гирифта натавонад, ба қадри оила нарасида, муқаддасоти зиндагиро пушти по занад, муштзӯр ва ё баддаҳону дилозор бошад, албатта бо беандешагии худ боиси вайроншавии оила мегардад.
Муносибати беэҳтиромона доштани зан ё мард нисбат ба ҳамсараш ба тарбияи фарзандон низ бе таъсир намемонад. Падару модар барои фарзанд идеал ҳастанд ва кӯдакон бо атрофиён чи гуна муносибат карданро аз волидонашон меомӯзанд. Зан шавҳарашро писанд накунад, фарзандон низ саркаш ва нописанд ба воя мерасанд, мард нисбати занаш беэҳтиромӣ намояд ё ба сари модари фарзандонаш даст бардорад, кӯдакон тарсӯ ё баръакс дағал камол ёфта, баъди бузург шудан нисбат ба ҳамсари худ чунин бераҳмӣ ва муносибати беэҳтиромонаро раво мебинанд. Аз ҳамин хотир зану шавҳар бояд ҳар як сухани худро сад бор дар мизони ақл баркашида, баъдан ба забон биёранд ва кӯшиш намоянд, ки бо ҳамдигар бисёр боэҳтиромона муносибат намуда, фарзандонашонро дар руҳияи меҳру муҳаббат, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ ба воя расонанд, аммо бадбахтона на ҳама ба дарки маърифати хонаводагӣ мерасанд.
Дар тӯли чандин соли фаъолиятам ман бо садҳо зану шавҳарон во хӯрда, оилаҳои зиёдеро дидам, ки бо баҳонаҳои ночиз аз ҳам ҷудо мешаванд. Арӯсакони ҷавонеро дидам, ки “хушдоманам эрод мегирад” гуфта, баъди ду-се моҳи зиндагӣ қаҳр карда, бору буғчаашонро ҷамъ карда, аз хонаи шавҳар рафтаанд, мардонеро низ во хӯрдам, ки ба қадри оилаи ободи худ нарасида, ба хотири ҳавасҳои лаҳзаина кохи бахти хешро бо дасти худ оташ заданд ва талоқи ҳамсарашонро дода, фарзандонашонро зиндаятиму хору зор карданд...
Сабабҳои хонавайронии ҷавонон хеле зиёданд, як оила аз ҳамдигарнофахмӣ ҷудо шавад, дигараш аз бефарзандӣ ё зӯроварӣ дар оила пош мехӯрад. Дар ин миён падару модарон низ бегуноҳ нестанд. Кам нестанд ҳолатҳое, ки натанҳо падару модари домод ва хоҳарони ӯ, балки ҳатто акаву додаронаш ба ҳаёти оилавии ҷавонон дахолат намуда, боиси вайроншавии оилаи ҷавон мегарданд.
Сабаби дигарӣ рӯ ба афзоиш ниҳодани талоқ дар кишвари мо ба андешаи банда, муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Аксари мардони тоҷик ба хотири дарёфти шаҳрвандии Русия ақди никоҳи худро бо ҳамсарашон дар Тоҷикистон бе кор намуда, бо занҳои рус издивоҷ менамоянд. Албатта қисми зиёди онҳо баъди гирифтани шаҳрвандӣ дубора ба Ватан ба назди зану фарзандонашон бармегарданд, вале расман бекор шудани ақли никоҳи онҳо боиси афзоиши арқоми талоқ дар кишвар мегардад.
Боз як омили дигари вайроншавии оила ин никоҳи хешу таборӣ ва тавлиди тифлакони маъюб мебошад. Шахсан ман шоҳиди чандин ҳолатҳои нохуше будам, ки мардҳо маҳз ба хотири тавлиди тифли бемор ҳамсарашонро талоқ дода, зани дигар гирифтанд.
Аз ҳамин хотир ба тамоми мардони тоҷик муроҷиат намуда гуфтаниям:
Вақте ки мард калимаи талоқро ба забон мегирад, арши худо ба ларза меояд. Оила муқаддас аст, ба қадри оилаи ободи худ бирасед мардҳои азиз ва ҳаргиз калимаи шуми талоқро ба забон оварда, арши худоро ба ларза наоред!
З. Ҳасанзод, ш. Душанбе