Салом! Ман Меҳрона, духтари 22-солаи сокини шаҳри Душанбе буда, маълумоти олӣ дорам. Маро ба як ҷавони соҳибмаълумот, ки дар Олмон зиндагӣ мекардааст, фотиҳа кардаанд.
Модари домод ҳангоми ба хстгорӣ омаданаш таъкид кард, ки онҳо оилаи замонавианд ва писараш духтарони ороставу перостаро дӯст медорад, аз ҳамин хотир ман бояд ба худам аҳамият диҳам. Мехоҳам ба назди ягон устои хуби ороишгар рафта, абрувонамро татуаж ё растушовка кунам, вале модарам, ки худашон зани қуръонхон ҳастанд, иҷозат намедиҳанд, ки ҳатто қошамро бичинам. Ҳайронам, ки чи хел арӯс шуда ба хонаи як оилаи замонавӣ меравам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
Меҳрона, ш. Душанбе
Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш
Хоҳари азиз Меҳронабону! Модаратон кори дуруст кардаанд, ки ба шумо иҷозати қошчинию татуажу растушовка кардан надодаанд. Қошчинӣ, дигаргун кардани сохти абрувон, шинондани миҷгонҳои сунъӣ ва умуман ворид намудани тағйирот ба чеҳраи инсон аз назари дини мубини ислом манъ аст. Ислом ба он хотир чунин амалҳоро манъ кардааст, ки одамизод офаридаи Аллоҳи бузург аст ва ворид кардани дигаргуниҳо ба сурати худ маънои норозигӣ аз атои худоро дорад. Инсон бояд аз сурате, ки Парвардигор ба вай ато кардааст, розӣ бошад ва шукрона кунад, ки Аллоҳ ӯро бе нуқсон офаридааст. Фаромӯш накунед, ки ҳеҷ як устои ороишгар наметавонад беҳтар аз Парвардигор чеҳраи одамро наққошӣ кунад. Ба хотири арӯс шудан чидану қолаб задани абрувон аслан шарт нест, агар домод шуморо дӯст дорад, бе рангу бори зиёдатӣ ҳам дӯст медорад. Аз худованд талаб намоед, ки меҳри шуморо дар дили домод ва меҳри шавҳарро дар дили шумо афзун гардонида, хушбахтии ҳақиқиро насибатон созад.