Чанде пеш корбари шабакаи иҷтимоии Facebook Ҷамолиддин Фахриддин дар саҳифаи худ суолеро матраҳ кард, ки боиси баҳсу мунозираҳо гардид. Чун мавзӯи ин баҳс бисёр ҷолиб ва барои ҷомеаи мо доғ аст, тасмим гирифтем, ки баъзе назарҳоро нашр кунем.
Ҷамолиддин Фахриддин:
- Мантиқист, ки бархе аз духтарон пеш аз бунёди зиндагии муштарак бо домодшаванда шартҳои муайяне мегузоранд. Шартҳое чун: «Пас аз тӯй низ мехоҳам мисли пештара дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол бошам», «ҳар гоҳ хоҳиш доштам, озодона ба маконҳои дилхоҳ равам» ё «ман таҳсил кардаам, то соҳиби шуғл бошам ва мустақилона фаъолият кунам» ва ғайра. Аммо суоли муҳим ин аст: оё ҷавонмардоне, ки тасмими издивоҷ мегиранд, бо чунин шартҳо розиянд? Оё онҳо омодаанд ҳамсаре дошта бошанд, ки аз озодиҳои шахсии худ даст намекашад ва дар пайи ҳифзи худшиносӣ ва мустақилияти хешанд, оиладор шаванд?.
Гулчеҳра Раҳимова:
- Ҳар духтаре, ки хондааст бояд кор кунад беҳтар аст. Ин фикри ман, аммо дар шабакаҳо бошаду куҷое хоҳад равад ин на ба ақл рост меояду на ба мантиқ! Арӯсони ҷавон пайи зиндагии хушу хушбахтӣ бошанд, на пайи сайтҳо!
Латофат Ибрагимова:
Дар масъалаи кор кардани духтар ё келин, агар духтар духтари ба падару ба модар, баақлу батамиз дар фикри дар бари шавҳар рост истодану барои беҳтар кардани зиндагии солимашон бошад кор кунад, лекин ин вобаста боз ба хоҳиши мард аст. Ва шарт нест зуд баъди тӯй кор кунад. Бигузор шавҳар духтарро хуб санҷида баъд иҷозаи кор диҳад, чунки дар замонаи ҳозир баъзе духтарони ақидаи сустдошта, ки кор карданд, баъд соҳиби ду танга шуданд, тамом, шавҳарро гап задан намемонанду лозим шавад бо кӯчактарин мушкилӣ ӯро ба милиса медиҳанд. Чунин занҳоро занҳои шаттоҳу ҳавоӣ мегӯянд. Лекин зане, ки шарт мегузораду мард ҳамаи чунин шартҳои ӯро (оиди истифодаи шабакаҳои иҷтимоиву озод гаштанаш) боз ҳам қабул мекунад, чунин мард худашро рафта аз баландии ҷойи сайёҳии "Панҷаи Хатлон" дар Балҷувон ҳаво диҳад, аниқтараш партояд!!!
Gozieva Gozieva:
- Дар раванди зиндагӣ баъдан ба ҳамааш мерасӣ. Муҳим ин мустаҳкам намудани оила. Вақте ки мард худаш хост, ки ба кор бароӣ, аз шабакахои иҷтимоӣ истифода барӣ баъд ҳамааш мешавад. Ҳеҷ гоҳ аз руи кору шабакаю ину он зиндагиро вайрон кардан мумкин нест. Муҳим оила аст. Ҳеҷ касу чиз ҷойи мардро дар зиндаги пур намекунад. Аввалҳо ёш ин чизро дарк карда наметавонад, вале бо гузашти вақт...
Дар баробари ин мардҳо ҳам бояд кушиш намоянд зана гирифтему акнун аз худмонаӣ ҳеҷ чой намеравӣ гуфта аз паи "шиносбозӣ" нашаванду беҳтарин лаҳзаҳоро бо оилаи худ гузаронанд. Занро “запасной вариант” накунанд.
Марям Давлатова:
- Никоҳ ва оила бояд дар асоси шартнома - хоҳ шифоҳӣ бошад, хоҳ хаттӣ сурат бигирад. Вале мушкил он аст, ки аксаран оилаи мард барои худашон хизматгори беминнату музд мехоҳанд. Табиист, ки барои онҳо зани худшинос, соҳиби кору пул лозим нест. Лекин таззод ин аст, ки баъзеҳо зани соҳиби маълумоти олӣ мехоҳанд дошта бошанд, пеш аз тӯй сад ваъда ҳам медиҳанду баъди туй арус дигар дар хизмати як авлод бояд бошаду ҳар лаҳза гапшунав. Сабраш то чанд сол мерасад? Умедаш кай мемирад? Тоқаташ кай тоқ мешавад? Баъди ин чӣ қарор қабул мекунад? Биравад ё бимонад? Бизияд ё худкушӣ кунад? Инҳо аз дараҷаи заъфи мардонагии шавҳар ва худхоҳиву инсофи хонадони шавҳар вобаста аст.
Майсара Анварова:
- Магар дар Тоҷикистон қонун барои зан ва мард як нест?! Агар ҳукуқи зан баъди шавҳар карданаш маҳдуд шавад, занон ба ҳар кори ношоям даст мезананд, ҳукуқи зан бояд дар ҷомеъа озод бошад, зан фақат барои кори хонаву тарбияи фарзанд нест, занонро бояд пеш аз шавҳар кардан волидонаш бихононанд, чунки зане, ки худаш саводи кофи надошта бошад, чи хел фарзандашро тарбия мекунад. Дар Тоҷикистон нисбади зан бисёр падару модарон ва шавҳарон ноадолатона рафтор мекунанд, агар зан шавҳар кард вай ғулом шуд, ин нодуруст аст, Тоҷикистон давлати демократӣ аст, нисбади зан бояд андеша кунанд, ки зан дар ҷомеаъ роли аввалро бояд ишғол кунад, фарзанди солим, доно ва бо ақлу фаросатро тарбия кунад, зан агар худаш маълумоти олӣ надошта бошад, фарзандашро ҳам тарбия карда наметавонад.
Робия Исматова:
- Акнун ин инхел шартҳо бошад зиндагӣ аниқ идома намеёбад. Бояд оилаҳои ҷавон бе шарт оила барпо кунад, агар бо шарт сар кунад, оянда чӣ мешавад, шумо ҳама медонед, доғи ҷомеаи имрузаро....
Махсадой Шарипова:
- Арӯсони шартбанд худ дар ягон ҷо кор карда монда шуда, пул ёбанд, он вақт зиндагӣ чист фаъолият чист, вазифа чист, сонӣ дарк мекунад. Биёед занҳо ҳама фаьол бошем. Ҳеҷ кас намехоҳад, зиндагии оромро вайрон намояд. Ба ҳарфу сухани занони роҳзану ғайбатчӣ бовар накарда ба шавҳарони худ бовар карда ба онҳо ёрӣ расонед, то дар оянда номи некашон бимонад.