arzon replenishment
АРӮС АЗ «ТРАССА»(ҚИСМИ 2)
20.08.2021
ДИЛОШӮБ
2898

ИДОМААШ...

Зан аз роҳ

Дар пойтахт ҳам дар ду ҷой хона доштам, бисёр вақт барои бор Душанбе меомадам ва ду-се рӯз ин ҷо мемонадам. Он айём зимистонҳо дар қишлоқҳо барқ набуд ва зану фарзандонамро се моҳи зимистон ба хонаҳои шаҳр меовардам. Хар ду хонаам чор ҳуҷрагӣ ва дар як бинои истиқоматӣ буданд. Як рӯз тамоми бори заруриро харида, бо мошини ҷиянам ба ноҳия фиристодаму гуфтам худам як-ду корамро дида, субҳи дигар бармегардам. То кору борамро ба субут расонидам, ки соат дувоздаҳи шаб шуд. Ростӣ, дар хона чизи хӯрдание набуд ва аз мағозаи сари роҳ як нону кефир харида, ба мошин нишастанӣ шудам, ки духтараки ҷавоне наздам омада гуфт:

-Раис, хизмат кунам?

Ба афту андоми духтарак нигариста, фаҳмидам, ки чӣ хизматро дар назар дорад ва ӯро ба мошин шинонида, ба хона овардам. Ҳамон шаб то рӯз бо Латифа сӯҳбат кардам ва сабаби ба ботлоқи фоҳишагӣ афтиданашро пурсидам. ӯ гуфт, ки падарам вафот карду маро модарандарам аз хона ронд, ба шаҳр омада, ба чанги мамарозае задаму сар шуд зиндагии пур аз фисқу фуҷурам. Ман ба ӯ гуфтам, ки агар марде пайдо шаваду туро ба занӣ гирад, аз ҳамин роҳ бармегардӣ, бо гиряҳои зор-зор гуфт, ки бале…

Ман рӯзи дигар аз бозор сару либосаш харидаму барояш хонаи иҷора гирифтам. Муллое оварда, никоҳаш кардам, як ҳафта бо ӯ мондам. Латифа ниҳоят духтари зебо ва ҳунарманде ҳам будааст. Акнун ман як ҳафта дар ноҳия ва як ҳафта бо Латифа будам ва ӯро хеле дӯст доштам. Латифа низ аз гапи ман як қадам берун намебаромад, чизе мегуфтам майлаш мегуфту панҷ вақт намозашро тарк намекард. Ман гузаштаи ӯро фаромӯш карда, хурсанд будам, ки як нафарро аз роҳи бад гардонидам.

  Касофати зино

Латифа ҳомиладор шуду ман барояш аз маркази шаҳр хонаи дуҳуҷрагӣ харидаму онро ба тамоми ҷиҳози замонавӣ пур кардам. Чун писаракам ба дунё омад, ман ба занам гуфтам, ки ман зан гирифтааму писардор шудам. Аммо байни шумоён фарқе намегузорам, ту зани калонӣ ва хизматкардаӣ, ҳама чиз дар ихтиёрат, лекин ӯро ҳам нигоҳ хоҳам кард. Занам як ҳафта гиристу ҳамроҳам гап назад, вале оҳиста-оҳиста одат кард. Минбаъд ҳар гоҳе Душанбе равам, барои Латифа нону ширу қаймоқу ҷурғоти хонагӣ мефиристод. Ман ба «одам» шудани Латифа сад дар сад бовар карда будам, вале…

Он вақтҳо телефонҳои мобилӣ набуданд, аз ҳамсояҳоямон низ касеро намешинохтам. Ҳар гоҳе ба ноҳия биёям, як ҳафта аз аҳволи зану фарзандам қариб, ки бехабар мемондам. Телефони хонагӣ доштем, вале он гоҳ кор мекарду гоҳ не, баъзан аз почта рафта телефон мекардам, баъзан не…

Як ҳафта дар деҳа будаму ҳушу ёдам дар шаҳр, дилам сип –сиёҳ буд, дигар охири ҳафтаро нигоҳ накарда, корҳоро ба ҷиянам, ки дасти ростам буд, супорида ба шаҳр рафтам. Зеро телефон ҳам ҷавоб намедод, дари хонаамон мӯҳр зада маҳкам буд. Чун дари ҳамсояи паҳлӯро задам, гуфт, ки аз нозири минтақавӣ пурсед. Нозирро ёфтам, ӯ гуфт, ки Латифа шабона маст дар сари чамбараки мошини ошиқаш мешинаду онҳо ҳарду ба симчӯби канори роҳ бархӯрда, ҷо ба ҷо ҳалок мешаванд.

-То мо киву чӣ будани ӯро муайян кардему ба хонааш омадем, кӯдакашро дар кати хобаш мурдагӣ ёфтем. Шумо ба вай кӣ мешавед?- пурсид нозир.

Ман “як шинос” гуфтаму мондам, чун мурда ягон соҳиб надошт, модару кӯдакро дар фалон қабристон ба хок супоридем, гуфт бепарво милиса. Ман дигар на ба хона даромадаму на гуфтам, ки ин хонаи ман аст. Хона ба номи Латифа буд. Пас аз ин ҳодиса ба бемории рӯҳӣ печидам, зеро симои маъсуми писаракам аз назарам дур намешуд.

Пас аз ду сол тамоми дороиямро фурӯхта, ба Русия кӯч бастам. Ҳоло шаҳрванди ин давлати бузург ҳастам. Писаронам ба воя расидаанду худам пир шудам, ҳамеша онҳоро насиҳат мекунам, ки ба бероҳа бовар накунед, зеро вай ҳеҷ гоҳ «одам» намешавад. Шояд ман хато кунам? Аммо ин фоҷиаи умрам ҳеҷ гоҳ аз хотиротам зудуда намешавад…

     АНҶОМАШ...                                                            

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД