Худораҳматии падарам бисёр марди хушбин буданд, ҳеҷ гоҳ ғайбати ҳеҷ касро намекарданд. Ҳамеша ғамхори ятимону беваю бечора буданд, мегуфтанд, ки ягон зан аз рӯйи ҳавою ҳавас бадгарду бероҳа намешавад.
Маҷбур, ки шуд, ба мӯрдоби бадбӯйи фоҳишагӣ меафтад. Мо-фарзандон низ тарбияи ӯ ва модари хушназарамонро гирифта, ҳамин гуна ба воя расидем.
Хоса ман писари хӯрдӣ ва ба қавле асои падарам будам, ҳама пандҳои он касро ба гӯшам ҳалқа мекардам. Аммо бехабар аз он будам, ки гоҳе хушбоварӣ одамро фиреб медиҳад, пешпо медиҳад ва пеши чашмашро мебандад. Шояд барои мард нақл кардани сарнавишти хеш айб бошад, бархе инро занмизоҷию заифнолӣ меҳисобанд, вале ман қарор додам, ки саргузашти хешро рӯйи саҳифаҳои ҳафтавори дӯстдоштаам «Оила» мерезам. Боварӣ дорам он ба яке панд ва ба дигаре дарс хоҳад шуд…
Оилаи мо
Мо дар оила як духтару чор писар будем, падарам як умр ронандаи мошини боркаш буданду ба халқи ноҳия хизмат мекарданд, модарам хонашину банди тарбияи фарзанд. Азбаски падарам аз авлоди шахсони ботақво буданд, ҳама он касро ҳурмат мекарданду Махсумашон мегуфтанд. Дар хонаи мо ҳама дар пайравӣ ба падар намоз мехонданду рӯза медоштанд, сӯҳбатҳои оилавиямон орӣ аз гапу чаки кӯчаву ғайбати мардум буданд.
Падарам ҳар бегоҳ рӯзномаҳои моро аз назар мегузарониданд, сари қадам ба мактаб даромада, аз дарсҳои мо бохабар мешуданд, хеле сахтамон мегирифтанд. Дар баробари мактаб мо илми илоҳиро низ пеши падар меомӯхтем. Ҳамин сахтгириҳои падару модарамон буданд, ки мо мактабро бо баҳои аъло хатм намуда, ҳар кадоме шомили донишгоҳе гаштем. Танҳо апаам дар коллеҷи тиббӣ, ки он вақтҳо омӯзишгоҳи тиббияш мегуфтанд, таҳсил намуд. Боқӣ ҳамаамон маълумоти олӣ гирифтем. Бародаронам ҳар яке пайи ҳам зан гирифта, хонаҳояшонро ҷудо карданд. Маро падарам ба духтари як хеши дураш хонадор намуд. Ҳарчанд духтарак умуман ба ман маъқул набуд, аммо хотири падару модари пирам чизе нагуфтам.
Ману ҳамсарам, ки ҳусни казоӣ надошта бошад ҳам, хеле зани оқилаву порсо буд, дар нафасҳои вопасин дастгиру ёвари волидайнам будем. Ман дар соҳаи савдо кор мекардаму зиндагиямон хеле хуб буд. Ман ин ҳамаро баракати дуои волидонам медонистам, онҳо давлати пирӣ ронда, аз олам гузаштанд. Падарам пас аз модарам ду сол зиндагӣ карданд ва ман шабу рӯз дар барашон будам. Он кас пеш аз марг дуои некам доданду осуда аз олам гузаштанд. Падару модар пиранд ё ҷавон, аз гузаштанашон дили фарзанд хун мешавад, ман низ чанд моҳ баъд аз марги падарам каме ба худ омадам.
Файзи дуои падар
Пас аз як соли марги падарам ҷанги шаҳрвандӣ сар заду мо хеле азоб кашидем. Шукронаи Худои бузург, ки оташи ҷанг хомӯш гашту мо ба хонаҳои худ баргаштем. Ман, ки дар кори савдо таҷриба доштам, дар маркази ноҳия аввал як мағоза кушодам ва оҳиста-оҳиста соҳиби чор мағозаи хӯрокворӣ шудам. Баъдтар сехи қаннодӣ кушодам, ки бозори ноҳия ва чанд ноҳияи атрофро бо кулчақанду нону ҳар гуна чизҳои хамирӣ таъмин мекард. Занамро дӯст надорам ҳам, бисёр ҳурматаш мекардам, бо вай одат карда будам, тӯли понздаҳ соли зиндагӣ соҳиби ду духтару ду писар гаштем. Хонаҳои кӯҳнаи падариро канда, ба ҷояшон хонаҳои нав сохтам, бо бародаронам ҳам муносибати хуб доштам.
Хулоса аз чизе камбудӣ надоштам. Ман ин ҳамаро аз файзи дуои падарам медонистам ва ҳарчанд метавонистам аз рӯйи пандҳои ӯ амал карда, дасти беваю бечора ва сағиронро, ки он айём хеле зиёд буданд, мегирифтам. Дар ноҳия ва атрофи он чун як тоҷири раҳмдилу сахӣ ном бароварда будам, ин албатта таъриф нест, ҳамин тавр буд…
ДАВОМ ДОРАД...