Салом! Ман ҷавони 20-сола ҳастам ва духтареро дӯст медорам, ки аз худам 3-4 сол калонтар аст.
Ростӣ, ин духтар бо одоби ҳамидааш дар дили ман ҷой гирифтааст, чунки мисли дигар духтарони ҷавон ҳушу ёдаш ба пулу мол нест. Бениҳоят хоксор, самимӣ ва меҳрубон аст. Ягон бор бо ҷавоне чақ-чақ карданашро надидаам. Духтари ҷиддӣ ва ботарбият аст, беҳуда намехандад, шӯхиҳои ноҷо намекунад, хуллас, аз назари ман зани идеалӣ мешавад, вале падару модарам ба издивоҷи мо розӣ нестанд. Модарам ошкоро мегӯяд, ки вай пулу мол дода, як пирарӯсро ба хонааш намеорад. Худи духтар низ фикри модарамро ҷонибдорӣ карда, мегӯяд, ки “ман аз ту калон ҳастам ва мардум ба ҳоламон механданд, биё беҳтараш маро фаромӯш карда, ягон духтари ҷавонро ба занӣ бигир”, аммо ба ман ғайр аз ӯ дигар касе лозим нест.
Илтимос, маслиҳатам диҳед, чӣ кор кунам? Магар зани аз худаш калон гирифтани ҷавони муҷаррад айб ё гуноҳ аст?
И. Т.