Дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво дар водиҳо аз 40 дараҷа боло меравад, иттилоъ додааст Агентии обуҳавошиносии кишвар.
Ба зикри ин ниҳод, баландшавии ҳарорат дар минтақаҳои баландкўҳ ба обшавии барф, пиряхҳо ва зиёд шудани ҳаҷми об дар рӯдхонаҳо оварда мерасонад, ки ин метавонад сабаби фаромадани сел, ярч ва сангрезиҳо гардад.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат дар ин рӯзҳо хоҳиш менамояд, ки махсусан ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ниҳоят эҳтиёткор бошанд. Дар баробари баланд шудани ҳарорати ҳаво, ҳангоми истироҳат ва шиноварӣ эҳтиёткор будан ва дар назди дарёҳо, каналҳо, хавзҳо ва обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя кардан лозим аст. Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ боиси оқибатҳои вазнин мегардад.
Барои пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ кӯдакон ва калонсолон бояд як қатор қоидаҳои оддиро қатъиян риоя кунанд. Масалан, пас аз 1,5 — 2 соати истеъмоли ғизо шино кардан мумкин аст, оббозӣ кардан дар оби кушод дар ҳарорати оби аз +15 дараҷа паст тавсия дода намешавад, зеро аз зарбаи оби хунук аз ҳушравӣ ё марг имконпазир аст. Аксар вақт дар ҳолати аз ҳад зиёд гарм будани бадан пеш аз шиноварӣ якбора ба оби хунук даромадан ба ҳолати беҳушӣ оварда мерасонад. Дар ҷойҳое, ки алафҳо ва лойҳо мавҷуданд, набояд шино кард.
Дар ҳолати мастӣ ба об даромадан ва оббозӣ кардан, дар болои матрасҳои резинӣ, бозичаҳои пуфшаванда шино намудан қатъиян манъ аст. Воситаҳои дастисоз ҳатто барои оббозони моҳир хеле хатарнок мебошад. Илова бар ин, ҳатто шамоли суст метавонад онҳоро аз соҳил дур кунад.
Дар ҳолате, ки ногаҳон дохили оби маҷрояш тез шудед, ба муқобили мавҷ ҳаракат накунед, зеро қувват сарф мешавад: дар ин ҳолат аз ҳама беҳтараш бо ҷараёни об шино намуда, тадриҷан ба соҳил бароед. Ҳеҷ гоҳ кӯдаконро бе назорат нагузоред.
Дар давраи гармо, тавре ки дар зимистон масунияти бадан заиф мешавад, организм ба дастгирӣ ниёз дорад. Чунин тағирёбии ҳарорат боиси бемориҳои гуногун мегардад. Кондитсионерҳо моро аз гармӣ наҷот медиҳанд, зиндагии моро осонтар мекунанд, аммо бояд дар хотир дошт, ки тағирёбии ногаҳонии ҳарорат метавонад ба кори системаи дилу рагҳо таъсир расонад. Ғайр аз ин, доимо дар зери кондитсионер будан, эҳтимоли шамол хӯрдан ё мубталои дигар бемориҳо шуданро дорад. Барои пешгирӣ кардани ин, шумо бояд дар як рӯз як маротиба витамини C-ро истеъмол кунед, он масунияти баданро баланд мебардорад. Чой бо лимӯ, шарбати он бо пудина, афшураҳои табиӣ ё афлесун, компотҳои мевагӣ хеле фоиданоканд.
Бисёр нафарон дар ҳавои гарм бемадориро ҳис мекунанд, онҳо гӯиё худро маҷбур мекунанд, ки ҳаракат кунанд, ингуна ҳаво барои бештари одамон на танҳо нороҳат, балки хатарнок аст. Дар ин рўзҳо хатари зарбаи офтобӣ ва камобии организм аз ҳарвақта зиёдтар аст. Донистан ва риояи қоидаҳои рафтор дар ҳавои гарм муҳим мебошад.
Дар ҳавои гарм, махсусан кӯдакони хурдсол, пиронсолон, беморон, инчунин онҳое, ки вазни зиёдатӣ доранд ё дору мехӯранд, нигоҳубин кардан лозим аст. Дар рӯзҳои гарм либоси сабуку озоди аз матоъҳои табиӣ духташуда пўшидан, ҳатман кулоҳи сабук ба сар кардан ва бо худ об гирифтан лозим аст. Инчунин дар рӯзҳои гарм тавсия дода мешавад, ки бе зарурат, махсусан дар давраи фаъолнокии максималии офтоб, яъне аз соати 11 то 17 ба кӯча набароед.
Тавре табибон тасдиқ кардаанд, дар ҳавои гарм ғизоҳои равғанин, бирён ва ширинро аз анвои хӯрокҳо истисно кардан лозим аст. Рӯйхат бояд аз хӯрокҳои сабук, сабзавот, меваҳо, моҳии судак ё пухта, мурғ, шӯрбоҳо, аз қабили дӯғоб иборат бошад.
Шумо инчунин бояд қоидаҳои гигиенаи санитариро дар хотир дошта бошед, сабзавот ва меваҳоро бо оби равон тоза шуста бошед. Барои муҳофизат кардани пӯстатон аз таъсири зараровари офтоб ҳамеша аз малҳамҳои муҳофизатӣ истифода баред. Офтоб хеле зуд пигментатсияи пӯст, доғҳо ва хоришакҳоро ба вуҷуд меорад. Ҳангоми зери нури бевоситаи офтоб будан аз кўлоҳ ё чатр истифода бояд бурд.
Агар дар гармо ногаҳон беҳолӣ, дилбеҳузурӣ, баланд шудани набзи дилро ҳис кунед, пас фавран ба ҷои салқин рафта нишинед, тугмаҳои либосатонро кушода, об нӯшед. Агар ин ҳолати ногувор дар давоми 5-7 дақиқа бартараф нашавад, пас фавран ёрии таъҷилиро даъват кунед.