Қарор "Дар бораи тарифҳо барои нерӯи барқ ва гармӣ" қабул шуд
125

Дар ҷаласаи Ҳукумати кишвар Қарор "Дар бораи тарифҳо барои нерӯи барқ ва гармӣ" мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабул карда шуд.

- Лоиҳаи қарори мазкур бо мақсади рушди соҳаи энергетика ва ноил гаштан ба фаъолияти бонизом ва мустақилияти молиявии «Барқи Тоҷик», Шабакаи интиқоли барқ ва Шабакаи тақсимоти барқ таҳия шудааст,- хабар медиҳад дафтари матбуоти Президенти мамлакат.

Дар ҷаласаи Ҳукумат ҳамчунин масъалаҳои дигари муҳим, аз ҷумла буҷаи давлат барои 2026 ва ҷалби сармоя дар солҳои 2026-2030 мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Зимни ҷаласа ҳамчунин Барномаи давлатии сармоягузорӣ барои солҳои 2026-2030 муаррифӣ шудааст. Ҳадафи он ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, аз ҷумла маблағгузории қарзӣ, грантӣ ва кумакҳои техникӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар бахшҳои гуногун мебошад. Барнома 864 лоиҳаро дар бар мегирад, ки ҳаҷми умумии онҳо 15,7 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД